63 ҳолати нави гирифторӣ ба COVID-19 дар Тоҷикистон
Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълон кард, ки шабонарӯзи гузашта 63 нафар дар кишвар ба бемории COVID-19 гирифтор шудаанд. Ба ин тартиб, шумораи гирифторони ин бемории ҳамагир дар Тоҷикистон ба 5630 нафар расид.
Ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолии Тоҷикистон аз 30 апрел то рӯзи 24 июн дар кишвар 52 нафар бар асари ин беморӣ ҷон бохтаанд.
Мақомоти ин вазорат ҳамзамон мегӯянд, ки то имрӯз, 24 июн 4194 нафар ё 74, 5 дарсади гирифторон ба ин беморӣ шифо ёфтанд. Вазорати тандурустии Тоҷикистон ҳамзамон иттилоъ додааст, ки шабонарӯзи гузашта 85 нафар пас аз шифо ёфтан, аз бемористонҳои кишвар ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.
Дар феҳрасти алтернативии қурбониёни эҳтимолии COVID-19 ва илтиҳоби шуш то 14-уми июн номи 437 нафарро навиштаанд. Ба феҳраст дар нӯҳ рӯзи ахир ҳеч ном ворид нашудааст.
Хабару гузоришҳои бештарро дар бораи буҳрони коронавирус дар Тоҷикистон дар инҷо хонед