Раҳматилло Зоиров мегӯяд, мақомот ҳамсафонашро "таъқиб мекунанд"
Раҳбари ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон аз таъқиб шудани аъзо ва тарафдорони ҳизбаш шикоят кардааст. Раҳматилло Зоиров 23-юми июн дар изҳороте гуфт, ҳукуматҳои маҳаллӣ онҳоро бо ҳар роҳу восита "таҳдид мекунанд" ва "метарсонанд". Мақомоти расмии Тоҷикистон ҳанӯз вокуниш накардаанд.