Доналд Трамп гуфт, Ҷо Байденро шикаст медиҳад
Ӯ дар ин ҳамоиш гуфт, ки раъйдиҳандагон дар Амрико рӯзи 3-уми ноябр ду интихоб доранд, ки яке шеваи ҳукуматдории ӯ, яъне талош барои рушди тиҷорат, тақвияти ниҳодҳои интизомӣ ва дуввумӣ чапгароии ифротӣ аст. Ӯ гуфт: “Интихоби соли 2020 бисёр содда аст. Шумо мехоҳед, назди издиҳоми чапгаро таъзим кунед ва ё чун амрикоиҳо бо сари баланд биистед.”
Доналд Трамп гуфт, бовар дорад, ки дар интихобот рақибаш аз Ҳизби Демократ Ҷо Байденро шикаст медиҳад ва ӯро “лӯхтаки бечораи тундравони чапгаро” номид. Баръакси интизорот, майдони 19 ҳазор нафарие, ки Доналд Трамп дар он суханронӣ кард, пур нашуд, ҳарчанд барои ҷилавгирӣ аз сирояти коронавирус онҷо ба мардум ниқоби тиббӣ ва маҳлулҳои зиддиуфунӣ тақсим мекарданд. Пеш аз ҳамоиш маълум шудааст, ки 6 нафар аз баргузоркунандагони ҳамоиши пешазинтихоботӣ ба бемории СОVID-19 гирифтор шудаанд.