Талафоти амрикоиҳо аз Ҷанги якуми ҷаҳон ҳам бештар шуд
Дар ИМА талафоти мардум бар асари коронавирус аз омори марги сарбозони ин кишвар дар Ҷанги якуми ҷаҳон гузашт ва иёлоти зиёд ҳамоно бо хуруҷи ин вирус дастбагиребонанд. Бино ба иттилои Пажӯҳишгоҳи Ҷон Ҳопкинс, то рӯзи 16 июн шумори марги инсонҳо аз 116,900 нафар гузашт. Талафоти амрикоиҳо дар Ҷанги якуми ҷаҳон 116,516 нафар будааст. Дар ҳамин ҳол, бисёр корхонаву тиҷоратҳо фаъолияти худро аз нав боз карда ҳамарӯза 23 ҳазор ҳодисаи нави олудагӣ ба қайд гирифта мешавад. Давоми ду ҳафтаи гузашта тахминан 20 аёлат ҳар рӯз дар бораи сабт шудани ҳолатҳои нави олудагӣ ва бистарӣ шудани беморон дар беморхонаҳо, аз ҷумла Флорида, Техас ва Аризона хабар медиҳанд. Агар бархе ҳолатҳои нави беморӣ ба афзоиши тесту санҷишҳо рабт дошта бошад, қисмати дигар ба бозкушоӣ шудани иқтисод марбут аст. Президент Доналд Трамп таваҷҷӯҳашро танҳо ба эҳёи дубораи иқтисоди ИМА равона карда гуфтааст, ки ҳатто агар шумори гирифторон аз 2,1 миллион нафар гузарад, дигар тадбирҳои басташавӣ ё қатъи кори корхонаҳо анҷом намешавад. ИМА, Мексика ва Канада ба мувофиқа расиданд, ки то 21 июл марзҳояшонро баста нигоҳ медоранд.