Боздошти раиси Додгоҳи ноҳияи Айнӣ бо иттиҳоми фасодкорӣ
Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон раиси Додгоҳи ноҳияи Айниро бо иттиҳоми фасодкорӣ боздошт кардааст. Сулаймон Султонзода, директори Оҷонсии зидди фасод рӯзи 17-уми июн дар суҳбат ба Радиои Озодӣ боздошти Шараф Турсунзодаро тасдиқ кард.
Директори Оҷонсии зидди фасод аз ин бештар шарҳ надод ва гуфт, ҷузъиёти боздошти раиси Додгоҳи ноҳияи Айнӣ рӯзҳои наздик пахш мешавад.
Шараф Турсунзода ду рӯз қабл бо фармони раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба "бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътиборм судяро паст мезанад" аз мақомаш барканор шуд. Назари Шараф Турсунзода ва наздикони ӯ феълан дастрас нест. Маълум нест, ки онҳо дар бораи ҳодиса чӣ назар доранд.
Шараф Турсунзода ҳамагӣ чаҳор моҳ дар мақоми раиси Додгоҳи ноҳияи Айнӣ кор кард.