Мақомоти Ироқ гуфтанд, раҳбари гуруҳи ДИ боздошт шудааст
ДИ дар иттилоияҳояш Абуиброҳим ал-Ҳошимӣ ал-Қурайширо раҳбари худ меномид. Ба иттилои "Садои Амрико", дар Вашингтон бар инанд, ки зери ин ном яке аз бунёдгузорон ва идеологҳои гуруҳ Амир Муҳаммад Абдурраҳмон ал-Мауля пинҳон аст. Хадамоти иктишофии Ироқ мегӯяд, номи воқеии боздоштшуда Абдулносир ал-Кирдаш аст.
Дар бораи шарҳи ҳоли ӯ ҷузъиёти бештаре оварда намешавад. Канали русии Directorate 4 дар шабакаи Телеграм бо иснод ба як коршиноси ироқӣ хабар додааст, ки эҳтимол аст, боздоштшуда як узви баландпояи созмони террористии "ал-Қоида бошад, ки солҳои 2001-2019 ДИ-ро дар Сурия раҳбарӣ кардааст.
Маҳалли нигаҳдории нафари боздоштшуда ифшо карда намешавад.