Саидшо Акрамов, пизишки шинохтаи тоҷик даргузашт
Наздикони Саидшо Акрамов дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, марҳум чаҳор рӯзи ахир дар беморхонаи ноҳияи Мастчоҳ беҳуш буд ва субҳи 21-уми май вафот кард.
Музаффархон Баҳодуров, сардухтури Беморхонаи ноҳияи Мастчоҳ ба Радиои Озодӣ гуфт, Саидшоҳ Акрамов аз хунрезии майнаи сар вафот карданд. Баҳодуров гуфт, марҳум ду рӯзи ахир дар шуъбаи эҳёгарӣ бистарӣ буд.
Саидшо Акрамов соли 1948 дар деҳаи Виткони ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ таваллуд шуда, донишгоҳи тиббии Тоҷикистонро хатм кардааст. Ӯ аз аввалин ҷарроҳон дар ин минтақаи дурдасти Тоҷикистон буд ва шогирдони зиёдеро тарбия кардааст.
Акрамов дар баробари табиби варзида будан, ба адабиёти тоҷик, бахусус ба осори Ҷалолиддини Румӣ ва Муҳаммадиқболи Лоҳурӣ таваҷҷуҳи зиёд дошт. Марҳум бо вуҷуди бузурсолӣ аз корбарони фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ буд.