Карантин дар Русия Зулфияи тоҷик, Илҳоми узбек ва Айзати қирғизро "ҳамтақдир" кард
Густариши коронавирус ва карантини саросарӣ дар Русия зиндагии бе ин ҳам сахти муҳоҷирон аз Осиёи Марказиро дар ин кишвар сахттар кард. Хонаводаҳое, ки аксарият барои таъмини зиндагӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ омада дар хона банд мондаанд, ҳоло ба сахтӣ ва бо кӯмаки хайрхоҳон рӯз мегузаронанд.