Дар як шабонарӯз дар Русия гирифтории 4785 кас ба COVID-19 тасдиқ шуд
Дар шабонарӯзи гузашта дар Русия 4785 мавриди нави гирифтории сокинонро ба коронавирус ошкор кардаанд.
Шумораи умумии гирифторони коронавирус дар Русия ба беш аз 35 ҳазор нафар расидааст ва кишвар бо ин омор дар қатори ёздаҳум дар ҷаҳон меистад.
Дар шабонарӯзи гузашта дар Русия аз коронавирус 40 тан ҷон бохтаанд ва бо ин рақам теъдоди умумии фавтидагон ба зиёда аз 300 нафар баробар шуд.
Аз ин беморӣ дар Русия беш аз 3 ҳазор нафар шифо ёфтаанд.
Дар охири моҳи март дар аксар минтақаҳои Русия низоми хонашинӣ ҷорӣ шуд ва ин вазъият то 30-юми апрел идома хоҳад кард. Бо ин вуҷуд, вазъи фавқулода эълон нашудааст.
Дар ҷаҳон беш аз 2 миллиону 200 ҳазор кас ба коронавирус гирифтор шудаанд.