Ҷейми Флай хост, иддаоҳои таҳдид ба хабарнигори Озодӣ таҳқиқ карда шавад
Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ аз мақомоти Қирғизистон хост, иддаоҳои як афсари собиқи Хадамоти гумрукро таҳқиқ кунад, ки гуфтааст, раисаш ба ӯ амр додааст, “мурда ва ё зиндаи” хабарнигори Радиои Озодиро ба назди ӯ биёрад. Иддаоҳои Эмилбек Кимсанов дар як видеое дида мешавад, ки ҳамсараш Мария Заворотная рӯзи 10-уми апрел дар Фейсбук нашр кард, вале маълум нест, видео кай сабт шудааст.
Эмилбек Кимсанов дар ин навор мегӯяд, Раимбек Матраимов, муовини раиси Хадамоти гумруки Қирғизистон бо ирсоли шумораи телефонҳои Алӣ Токтагунов, хабарнигори Радиои Озодӣ амр додааст, ки “мурда ва ё зиндаи ӯро” ба наздаш биёрад. Ҷейми Флай, мудири Радиои Озодӣ рӯзи 11-уми апрел бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, “Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ ҳаргуна таҳдид ба хабарнигоронашро ҷиддӣ мегирад”. “Бадгӯиҳои мудавом ва таҳдид ба хабарнигорони Радиои Озодӣ аз тарафи Раимбек Матраимову шариконаш барои гузоришҳои таҳқиқотии мо шармовар аст. Ман аз мақомоти қирғиз даъват мекунам, масъулони ин корҳо барои чунин амалҳояшон ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.”
Раимбек Матраимов то кунун ин видеоро шарҳ надодааст. Алӣ Токтагунов раҳбари гуруҳи гузоришгарони бахши қирғизии Радиои Озодӣ буд, ки ҳамроҳ бо Барномаи таҳқиқоти коррупсия ва ҷиноятҳои муташаккилона ва вебсайти қирғизии Клооп, гузориши фарогири таҳқиқотиеро нашр карданд, ки дар он роҳҳои ғайриқонунии берун бурдани пул аз Қирғизистон ифшо шудааст.