Кобул гуфт, 100 узви Толибон иловатан озод мешаванд
Ҳукумати Афғонистон гуфт, ки тахминан 100 узви Толибонро рӯзи панҷшанбе иловатан озод мекунад, бо ин вуҷуд, ки гурӯҳи шӯришӣ ба таври якҷониба аз ҷараёни музокира барои озодкунии зиндониҳо хориҷ шуд. Рӯзи чоршанбе маъмурияти президент Ашраф Ғанӣ гуфт, ки 100 узви Толибон, ки афроди начандон хатарнок мебошанд, озод шуданд. Аз онҳо тақозо шуд, ки ба ҳеҷ сурат дубора ба майдони ҷанг барнагарданд ва мақомот гуфтанд, ки айни чунин гурӯҳи саднафараи дигари Толибон ҳам рӯзи панҷшанбе ба озодӣ мебарояд.
Озодкунии Толибони зиндонӣ дар ҳолест, ки Ғанӣ дар пешорӯи бӯҳрони нави сиёсӣ аст ва ИМА аз таъхир дар татбиқи ҷараёни сулҳ дар пасманзари эпидемияи коронавирус дар Афғонистон нохушнуд аст. Мақомоти амрикоӣ ҳарос доранд, ки паҳншавии вирус боиси шӯриш дар зиндонҳо мешавад.
Ҷовид Файсал, сухангӯи дафтари Шӯрои амнияти миллӣ дар Твиттераш навишт, ки Кобул “дар чаҳорчӯби ҷараёни сулҳ ва муқобила бо паҳншавии Ковид-19, имрӯз 100 узви Толибонро дар заминаи вазъи сиҳҳатӣ, синну сол ва мӯҳлати боқимондаи ҳукми зиндонашон озод мекунад”. Сухангӯи Толибон Забеҳулло Муҷоҳид ба АФП гуфтааст, ки ин иқдом мутаносиб нест.
Як гурӯҳи хурди намояндагони Толибон ҳафтаи гузашта ба Кобул рафта табдили 5 ҳазор Толибони зиндонӣ бо як ҳазор низомиёни ҳукуматиро баррасӣ карда базудӣ бо далели, ба гуфтаашон, музокираҳои “бесамар” Кобулро тарк карданд. Муҷоҳид гуфт, ҳамарӯза саднафарӣ озод мешаванд, вале “ин хости мо нест ва ин чиз ғайриқобили қабул аст”. Файсал ба саволи ин ки чаро бо вуҷуди тарки гуфтугӯҳо кардани Толибон ҳамоно озодкунии зиндониҳо амалӣ мешавад, ӯ гуфт, ки “ҷараёни сулҳ бояд пеш равад”.
Озодкунии зиндониҳо аз ҳарду тараф як шарти муҳими созиши сулҳи ИМА ва Толибон аст, ки 29 феврал имзо шуд. Қадами баъдӣ бояд роҳандозии музокираҳои миёни шӯришиён ва ҳукумати Афғонистон бошад, вале маълум нест кай шурӯъ хоҳад шуд