RSF хадамоти махсуси Покистонро дар нопадидшавии журналист дар Шветсия гумонбар медонад
Созмони Гузоришгарони бидуни марз (RSF) тахмин кардааст журналисти покистоние, ки тахминан як моҳ шуд дар Шветсия нопадид шудааст, метавонист аз ҷониби оҷонсии иттилооти Покистон рабуда шавад.
Саҷид Ҳусайн, сардабири вебсайти хабарии Balochistan Times рӯзи 2 март дар шаҳри шведии Уппсала нопадид шуд. Ӯ бо нашри матолиби марбут ба поймолшавии ҳуқуқи инсон дар қаламравҳои ҷанубуғарби Покистон маъруф буд.
Эрик Ҳалкяер, раҳбари бахши шведии созмони RSF бо пахши изҳороте рӯзи 30 март гуфт, “бо назардошти ҳамлаҳои ахир ва озори журналистони покистонӣ дар Аврупо, мо ин воқеиятро нодида гирифта наметавонем, ки нопадидшавии ӯ ба кораш марбут мебошад”.
Дениел Бастард, раиси бахши Осиёву Уқёнусияи созмон гуфт, ки “ҳама нишонаҳои нопадидшавии маҷбурӣ вуҷуд дорад”. Ӯ афзуд, “агар аз худ бипурсед, ки дар хомӯш кардани журналисти дигарандеш кӣ манфиатдор аст, пеш аз ҳама ба хадамоти иттилооти Покистон ишора мешавад”.
Созмони Гузоришгарони бидуни марз мегӯяд, ки вебсайти The Balochistan Times “бисёр вақт хати сурхи аз ҷониби мақомоти интизомии Исломобод кашидашударо убур мекард”.
CPJ ё Кумитаи ҳимоят аз журналистон, мақарраш дар Ню-Йорк аз мақомоти Шведсия тақозо кард, ки корҳои ҷустуҷӯи журналистро суръат бахшанд.
Ҳуссайн баъди таҳдидҳои зиёд соли 2012 Покистонро тарк кард ва пеш аз он ки соли 2017 дар Шведсия паноҳанда шавад, дар чандин кишвар зиндагӣ кард. Рӯзи 2 март ӯ ба як қатори самти Уппсала савор шуд, дар 45 дақиқа ба ин шаҳр расид ва баъди ин ҳеҷ нишоне аз ӯ вуҷуд надорад.