Марги як зан бар асари гирифторӣ ба коронавирус дар Қазоқистон
Як зан дар Қазоқистон бар асари гирифторӣ ба коронавирус фавтидааст. Даурен Абаев, вазири иттилоот ва рушди иҷтимоии Қазоқистон, шоми 26-уми март дар нишасти матбуотӣ гуфт, ин мавриди нахустини марги сокинон бар асари бемории КОВИД 19 дар ин кишвари Осиёи Марказӣ аст. Вай афзуд, "ин ҳолат бори дигар моро аз хатарнокии коронавирус огоҳ мекунад. Он чи ки ҳоло мегузарад, имтиҳоне барои ҳамаи мост." Бино ба иттилои навтарин, дар Қазоқистон 109 мавриди гирифторӣ ба коронавирус сабт шудааст. Аз ин шумора 61 нафар дар шаҳри Нурсултон, 40 тан дар Алмато ва ҳашт тани дигар дар Қарағандаву Чимкент, Оқтпеппа, Ҷамбул ва вилоятҳои шимолии Қазоқистон ҳастанд.