Русия ҳамаи парвозҳои байналмилалиро манъ кард
Русия барои пешгирӣ аз паҳншавии ҳарчи бештари коронавирус парвози ҳавопаймоҳоро аз фурудгоҳҳояш ба хориҷа ва аз хориҷ ба ин кишвар манъ кард.
Мақомоти Русия гуфтанд, аз 27-уми март парвозҳои нақшавӣ ва ғайринақшавӣ (чартерӣ) аз Русия ба хориҷ манъ карда мешавад.
Бар асоси қарори ҳукумати Русия, аз фардо ба таври истисно танҳо ба овардани шаҳрвандони ин кишвар аз давлатҳои гирифтор ба коронавирус иҷозат дода мешаваду бас.
Шумори гирифторшудагон ба бемории COVID-19 дар Русия дар муқоиса ба бисёре аз кишварҳои собиқи Шӯравӣ зиёдтар аст.
Тибқи омори ахир, дар Русия 840 мубталои коронавирус ҳастанд. Гирифтории одамон ба ин вирус дар 56 минтақаи ин кишвар тасдиқ шудааст.
Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, рӯзи 25-уми март дар пасманзари гирифториҳо ба коронавирус баргузории ҳамапурсӣ барои ислоҳи Конститутсияро ба таъхир андохт. Қарор буд, референдум 22-юми апрел баргузор шавад.
Ин ислоҳҳо ба Путин имкон медиҳад, ки то соли 2036 дар қудрат монад.