Қарори манъи вуруди хориҷиён ба Тоҷикистон беэътибор шуд
Азиз Набизода, муовини раиси Оҷонсии авиатсияи граждании Тоҷикистон рӯзи 3 март ба Радиои Озодӣ хабар дод, ки "қарори манъи парвозҳо ва вуруди шаҳрвандони 35 кишвари ҷаҳон ба Тоҷикистон имрӯз бекор карда шуд". Набизода дар шарҳи тасмими бекор шудани монеаи сафар ба хориҷиҳо гуфт, "мутахассисон ба натиҷае расиданд, ки ба ҷуз аз панҷ кишвари ҷаҳон дар кишварҳои дигар теъдоди гирифторони бемории короновирус ангуштшуморанд ва ниёз ба манъи вуруди шаҳрвандон аз кишварҳои дигар боқӣ намондааст.
Феълан парвозҳо ва вуруди мусофирон аз 5 кишвар, яъне Чин, Эрон, Афғонистон, Италия ва Кореяи Ҷанубӣ манъ карда шудааст. Шаҳрвандони кишварҳои дигар дар гузаргоҳҳои марзӣ ташхис шуда, дар сурати набудани нишонаҳои беморӣ метавонанд вориди Тоҷикистон шаванд", гуфт Азиз Набизода.
Қаблан дар ин бора хабаргузории «Азия-плюс» ҳам иттило дод.
Дар номаи нави раиси оҷонсӣ Икром Субҳонзода гуфта шудааст, ки «ба хотири ҷилавгирӣ аз паҳншавии коронавирус ва олуда нашудани шаҳрвандони Тоҷикистон машварат дода мешавад, ки фурӯши билетҳои ҳавопаймоӣ ба ҳамаи мусофирон ба самти Чин, Эрон, Афғонистон, Кореяи Ҷанубӣ ва Итолиё қатъ карда шавад». Дар Вазорати беҳдошти Тоҷикистон ба хабаргузорӣ гуфтаанд, ки ҳама мусофироне, ки аз ин кишварҳо меоянд, ба мӯҳлати 14 рӯз барои карантин ба муассисаҳои тиббӣ бурда мешаванд.
Қаблан Оҷонсии авиатсияи гражданӣ дар номае гуфт, ки фурӯши билети ҳавопаймо ба шаҳрвандони 35 кишвар, аз ҷумла, Чин, Япония, Кореяи Ҷанубӣ, Ветнам, Сингапур, Австралия, Малайзия, Комбоҷа, Филиппин, Таиланд, Непал, Шри-Ланка, Ҳинд, Финляндия, Итолиё, Бритониё, Испания, Шветсия, Белгия, Исроил, Австрия, Хорватия, Швейсария, ИМА, Канада, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Миср, Эрон, Лубнон, Кувайт, Баҳрайн, Уммон, Афғонистон, Ироқ ва Алҷазоир манъ карда мешавад. Вуруди ин шаҳрвандон ба Тоҷикистон манъ буд, вале ҳоло ин тасмим бекор карда шуд.