Вазири амрикоӣ, созиш бо Толибонро "умедворкунанда" номид
Марк Эспер, вазири дифои Амрико гуфт, созиши кишвараш ва Толибон барои коҳиши якҳафтаинаи хушунат дар Афғонистон “бисёр умедворкунанда” ба назар мерасад, аммо аз хатар орӣ нест.” Ӯ рӯзи 15-уми феврал дар конфронси амниятии Мюнхен дар Олмон гуфт, фурсати он расидааст, ки барои хотимаи ҷанги тақрибан 19-сола аз роҳи ҳалли сиёсӣ “ба сулҳ имкон бидиҳем.” Айни замон ӯ афзуд: “Яъне бояд хатарҳоеро ҳам пазируфт.”
Дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Афғонистон рӯзи 15-уми феврал гуфт, созиш шарту шароит дорад ва зоҳиран ҳафтаҳои наздик ниҳоӣ мешавад. Дар баёния омадааст, як мақоми Амрико ба Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон гуфтааст, ки Толибон омодаи “даст кашидан аз хушунат ва пазируфтани як ҷомеаи гуногунандеш” ҳастанд.