Азми Трамп барои поён додани ҷанг дар Афғонистон
Раиси ҷумҳур Доналд Трамп дигарбора ба азмаш барои хотима додан ба ҷанги тақрибан 20-сола дар Афғонистон ва коҳиш додани теъдоди сарбозони Амрико дар ин кишвар таъкид кард. Ӯ рӯзи 4-уми феврал зимни паёми солонааш ба Конгресс гуфт, вазифаи Амрико "иҷро кардани нақши мақомоти интизомӣ" дар кишварҳои дигар нест. Ӯ афзуд, "мо кӯшиш дорем, ки дар ниҳоят ба ҷанги дарозтарини Амрико хотима диҳем ва сарбозонамонро ба ватан баргардонем".
Сарбозони Амрико аз соли 2001 то кунун дар Афғонистон меҷанганд ва ҳоло 14 ҳазор нафарашон дар ин ҳамсоякишвари Тоҷикистон ҷойгир шудаанд. Ҳукумати Трамп мехоҳад, ки бо Толибон созиш кунад ва шумораи сарбозонашро то ба 8 ё 9 ҳазор нафар расонад. Доналд Трамп соли 2016 ҳангоми маъракаи интихоботиаш қавл дода буд, ки ҷангро дар Афғонистон ба поён мерасонад.