БМ: Маблағ барои ҳамлаи Данғара тариқи "Золота корона" интиқол шуда буд. Ин низом қазияро шарҳ надодааст
Мақомоти Бонки миллии Тоҷикистон мегӯянд, ҳадафашон аз фаъол кардани Маркази ягонаи интиқоли пул, таъмини шаффофият ва ҳифзи маблағҳои муҳоҷирон аст ва сарфи назар аз интиқодҳо, аз мавқеашон баргаштанӣ нестанд.
Масъулини Бонки миллӣ дар бораи пайвастани низоми "Золотая корона" гуфтанд, ин низом танҳо дар сурате ҳаққи интиқоли маблағ ба Тоҷикистонро пайдо мекунад, ки агар бонке ёбад, ки хавфҳои онро ба ӯҳда гирад. Маркази миллии интиқоли пул ё маркази протссесингии Бонки миллӣ рӯзи 3-юми декабри соли 2019 фаъол шуд ва ба гуфтаи муҳоҷирон дар интиқоли маблағ мушкилиҳои зиёде пеш овард.
Масъалаи фаъол шудани Маркази миллии протссесинги рӯзи 5-уми феврал баҳси гармеро миёни рӯзноманигорон ва роҳбарияти Бонки миллӣ ба миён овард. Суоли аслии хабарнигорон аз роҳбарияти Бонки миллӣ ин буд, ки чаро низоми "Золотая корона", ки то ин вақт 82 фоизи маблағҳоро ба Тоҷикистон интиқол медод, ба ин низом пайваст нашуд.
Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали раиси Бонки миллӣ дар посух ба суоли Радиои Озодӣ гуфт, фаъол шудани Маркази миллии протссесинги "яке аз реформаҳои бузургтарини таърихии ҳукумат" аст ва то фаъол шудани маркази мазкур, ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон ба таври зарурӣ ҳимоя намешуд.
Нуралиев гуфт, се ҳадафи аслии ба кор даромадани Маркази миллии протссесингӣ, ин пешгирӣ аз обсепазирии низоми бонкӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва пешгирӣ аз интиқоли маблағҳое аст, ки барои терроризм интиқол мешаванд.
Муовини аввали раиси Бонки миллӣ аз кори низоми "Золотая корона" интиқод карда гуфт, ин низом бо дар ихтиёр доштани ҳаҷми зиёди интиқоли пул ба Тоҷикистон тамоми фишангҳоро дошт, ки дар як рӯз вазъи иқтисодӣ-иҷтимоии ҷумҳуриро муташанниҷ кунад. Масъулини "Золотая корона" то ҳол дар ин робита изҳори назар накардаанд.
Аммо дафтари матбуоти "Золотая корона" қаблан аз муколама бо Бонки миллии Тоҷикистон хабар дода ва низ ба ихтилофҳо дар ин замина ишора карда буд. Дафтари матбуоти низоми пулии "Золотая корона" дар шарҳи ихтилофҳои ҳуқуқӣ навишт, бархе муқаррароти Маркази таъсисдодаи БМТ бо қонуни федеролии Русия "Дар бораи низоми миллии пардохтҳо" дар ихтилоф аст.
Аз ҷумла бар асоси ин қонуни Русия, "низоми пардохтҳо ширкатдорони мушаххаси ин ҷараёнро дорад: оператор, ширкатдор, маркази ҳисобу китоб, маркази амалиёт, маркази пардохтҳои клирингӣ (ҳисобукитоби бенақд) ва ғайра. Аз ҷумла, маркази ҳисобукитоб - як созмони қарздиҳанда аст, ки бо парвонаи Бонки марказии Русия амал мекунад. Дар қонун афзоиши ҳайати субъектҳои ширкатдори ин ҷараён ба инобат гирифта нашудааст",-менависад "Золотая корона".
Аммо Бонки марказии Русия дар посух ба суоли Радиои Озодӣ гуфта буд, ки пайвастан ба Маркази протсессингии Бонки миллии Тоҷикистон ба қонунгузории Русия мухолифат надорад.
Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали раиси Бонки миллӣ гуфт, низоми "Золотая корона" пура ба талабот ҷавобгӯ нест ва маблағ барои афроде, ки дар Данғара даст ба куштори сайёҳон заданд, тариқи "Золотая корона" ба Тоҷикистон интиқол шуда буд.
"Мутаассифона ин низоми пардохт ба талабот ҷавобгӯ нест ва механизми назорати ин интиқоли маблағ дуруст ба роҳ мондагӣ шудагӣ набуд",-гуфт Ҷамолиддин Нуралиев.