Қурбониёни вирус дар Чин ба 132 тан расид
Вазорати тандурустии Чин рӯзи 28-уми январ гуфт, вируси хатарноки нав то кунун ба 5 974 нафар сироят карда ва 132 тани дигарро куштааст. Бештар аз 9 ҳазор нафари дигар зери назорати табибон ҳастанд, вале ҳоло бемориашон собит нашудааст.
Беморӣ дар берун аз Чин ҳам паҳн шуд ва то ба Аврупову Амрикои Шимолӣ ва Осиё расидааст. Вируси нав, ки бемории шабеҳи илтиҳоби шуш бармеангезад, назар ба вируси САРС, бемории дигари роҳҳои нафас, ки соли 2002-2003 пайдо шуд ва 600 нафарро ҳалок кард, зудтар ва васеътар доман мезанад.
Аломатҳои беморӣ, таби баланд, сурфа ва тангии нафас мебошанд. Мақомоти Чин гуфтанд, ки рафтуо ба 17 шаҳри вилояти Ҳубейро, ки зоҳиран вирус дар онҷо пайд шудааст, манъ карданд.