Теъдоди қурбониёни вирус дар Чин ба 106 нафар расид
Мақомоти Чин рӯзи 28-уми январ гуфтанд, теъдоди ҳалокшудагон аз сирояти вируси нав дар Чин ба 106 нафар расидааст ва мақомот бештар аз 1700 мавриди нави сирояти ин бемории роҳҳои нафасро сабт кардаанд.
Ба гуфтаи вазорати тандурустии Чин то рӯзи 27-уми январ вирус ба 4515 нафар дар саросари кишвар сироят кардааст. Дар дигар кишварҳои ҷаҳон 48 мавриди сирояти беморӣ собит шудааст ва аксари онҳо ё сайёҳони чинӣ ҳастанд ва ё онҳое, ки чанде пеш ба Чин сафар кардаанд.
Пештар аз эълони омори нав дар бораи беморон, Муғулистон, Кореяи Шимолӣ, Қирғизистон гуфтанд, ки марзҳояшон бо Чинро мебанданд. Ҳонк Конг ва Малайзия гуфтанд, ки сокинони вилояти Вуҳанро, ки вирус дар онҷо пайдо шуд, аз ҳаққи вуруд ба қаламравҳояшон маҳрум мекунанд.
Маркази ҷилавгирӣ ва назорати бемориҳо дар Амрико рӯзи 27-уми январ ба мардум тавсия дод, ки бидуни зарурат ба Чин сафар накунанд. Ҳукумати Канада низ аз мардумаш хост ба вилояти Ҳубей, маркази густариши беморӣ нараванд.
Мақомоти Чин мегӯянд, ки вируси нав қавитар шудааст ва зуд аз инсон ба инсон сироят мекунад. Ба ширкатҳои сайёҳӣ тавсия додаанд, ки сафари ҷаҳонгардон ба маконҳои диданиро лағв кунанд. Олмон рӯзи 27-уми январ аз сирояти беморӣ ба як нафар дар қаламраваш хабар дод.
Бемории мазкур мисли зукоми маъмулӣ ва ё бемории илтиҳоби шуш аст. Мавридҳои сирояти вируси нав дар Камбоҷа, Шри Ланка, Малайзия, Куриёи Ҷанубӣ, Тайван, Таиланд, Канада, Непал, Вйетнам, Арабистони Саудӣ, Сингапур, Ҷопон, Амрико Фаронса ва Австралия сабт шудааст.