18 корманди кони тиллои Солтон-Сари ихроҷ шуданд
Рӯзи 27-уми декабри соли 2019 дар деҳаи Оттуки вилояти Норини Қирғизистон мошинеро боз доштанд, ки 1,5 ҳазор килограм маҳсулоти дорои тилоро интиқол медод. Арзиши он дар бозори сиёҳ ҳудуди 4 миллион сом (наздики 500 ҳазор сомонӣ) аст.
Дар пайи боздошти мошин раҳбари кон, мудири корхонаи истихроҷи тилло ва як мутахассиси кон бо гумони фасодкорӣ боздошт шуданд.
Дар кони Солтон-Сарии вилояти Норин ширкати муштараки Чину Қирғизистон -- Zhong Ji Mining Company аз соли 2009 ба ин сӯ бо истихроҷи тилло машғул аст.
Ҳукумати Қирғизистон 7 августи соли равон дар пайи эътирози сокинони маҳаллӣ гуфт, истихроҷи тиллоро дар кони мазкур муваққатан манъ кард.