Мы в Telegram
Добавить новость
World News in Tajik





160*600

Новости сегодня на DirectAdvert

Новости сегодня от Adwile

Актуальные новости сегодня от ValueImpression.com


Опубликовать свою новость бесплатно - сейчас


<
>

Олимҷон Бобоев: "Аз инҳисори давлатӣ ба инҳисори шахсони алоҳида гузаштем" ВИДЕО

Олимҷон Бобоев:

Олимҷон Бобоев, вакили порлумони Тоҷикистон, дар остонаи интихоботи моҳи марти имсол аз раёсати Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ, ки ба иддаои масъулонаш 30 ҳазор узв дорад, истеъфо дод. Ӯ гуфт, роҳро барои ҷавонҳо кушодааст ва худ акнун даврони пирӣ хоҳад ронд.

Бобоев ҳангоми омодагиҳо ба интихоботи президентии соли 2006 дар майдони сиёсати Тоҷикистон пайдо шуд ва ҳамон вақт раёсати Ҳизби ислоҳоти иқтисодиро, ки коршиносон сохтаи мақомот медонистанд, ба уҳда гирифт.

Ӯ ду дафъа номзад ба мақоми президентӣ ва як муддат вазири нақлиёти Тоҷикистон буд. Олимҷон Бобоев рӯзи 9-уми январ дар бораи фаъолияташ дар порлумон, ҳизбҳои "кисагӣ", андозу нафақа ва монополияи бозору масоили дигар бо Радиои Озодӣ суҳбат кард. Вале гуфтугӯ аз баррасии истеъфои ӯ сар шуд.

"Порлумон қонунеро қабул мекунад, ки ҳукумат иҷро карда тавонад"

Радиои Озодӣ: Сабаби истеъфои Шумо аз раёсати Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон чӣ буд?

Олимҷон Бобоев: "Аз таъсиси ҳизб понздаҳ сол гузашт. Шогирдони зиёд тарбия кардем ва имрӯз фурсати он расидааст, ки ҷавонон худро нишон диҳанд. Синнам ба 70 мерасад, вале рафтани ман аз раёсати ҳизб ба маънои пурра аз сиёсат рафтан нест. Иқтисод ҳамеша бо сиёсат пайванд аст."

Радиои Озодӣ: Мунтақидон мегӯянд, Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ аз ҷумлаи ҳизбҳои "кисагӣ"-ест, ки ҳукумат барои демократӣ нишон додани интихоботҳо ва ҳифзи низоми бисёрҳизбӣ дар кишвар ташкил кардааст. Шумо чӣ мегӯед?

Олимҷон Бобоев: "Албатта, дар тамоми ҷаҳон ҳизбҳо манфиати як гуруҳро ҷонибдорӣ мекунанд ва чунин иддаоҳо маъмулӣ аст. Вале мо барномаи кор ва тарафдорони худро дорем. Дар понздаҳ сол тавонистем, ки то ҳадде худро ба мардум шинос кунем. Ба ҷуз аз ду ноҳияи вилояти Бадахшон дар ҳама гӯшаҳои кишвар созмонҳои ибтидоии худро дорем."

Радиои Озодӣ: Аз кори панҷсолаи худ дар порлумон розӣ ҳастед?

Олимҷон Бобоев: "Албатта, ин давраи фаъолият дар порлумон бароям мактаби хуби сиёсӣ буд, зеро дар инҷо вазъи ҳамарӯзаи иқтисоди миллӣ зери таҳлилу назорат аст. Дар ин давра қонунҳои зиёду созишномаҳои бисёри байналмилалӣ тасвиб шуд ва тағйиру иловаҳо ворид гардид. Дар порлумоне, ки фаъолияташ баъди чанде ҷамъбаст мешавад, афроди босалоҳият ва дорои сатҳи баланди илмӣ кор мекунанд. Ҳар санад санҷида мешавад."

Радиои Озодӣ: Порлумони ояндаро чӣ гуна мебинед? Баъзе аз таҳлилгарон ба ин боваранд, ки порлумони оянда ба як порлумони "хомӯш ва бидуни баҳс" табдил хоҳад ёфт...

Олимҷон Бобоев: "Бо ин назар пурра розӣ шуда наметавонам, вале чунин ҳарфҳо шояд то як андоза асос дошта бошанд. Низоми давлатдории мо президентӣ аст ва порлумон ёрирасон аст. Дар ин ҳолат хоҳему нахоҳем порлумон бо ҳукумат ҳамкорӣ мекунад. Фарз кардем, порлумон қонунеро қабул мекунад, ки ҳукумат иҷро карда наметавонад, пас, аз қабули он чӣ фоида аст? Бино ба ин, бисёр масъалаҳоро бо мақомоти иҷроия мувофиқа мекунанд. Инро сустии кори порлумон гуфтан дуруст нест. Гузашта аз ин, шояд на ҳама аз он чи дар порлумон мегузарад, хабар доранд."

Видеои суҳбатро дар инҷо бинед:

Радиои Озодӣ: Бархе аз сокинон мегӯянд, аъзои порлумон дар қабули қонунҳо озод нестанд. Оё вакилон танқидҳои мардумро мешунаванду мехонанд?

Олимҷон Бобоев: "Албатта, муроҷиатҳои мардум ва натиҷаи вохӯрӣ бо интихобкунандаҳоро таҳлил мекунем. Ба хулосае омада, боз ба мутассадиён мефиристем ва иҷрои онро назорат мекунем."

Радиои Озодӣ: Порлумонро ҷойи нафақахӯрҳову мансабдорони собиқ ҳам мегӯянд, дуруст аст?

Олимҷон Бобоев: "Ин фикри дуруст нест. Порлумон ҷойи ҳам куҳансолону миёнсол ва ҳам ҷавонон бояд бошад, то бо ҳам табодули таҷриба кунанд. Аз тарафи дигар баъзе одамоне вакил мешаванд, ки маошу даромадашон дар гузашта бештар будааст. Онҳо ба порлумон барои хизмат кардан меоянд. Агар бигӯем, ки вакилон барои соҳибкорӣ меоянд ва пули калон ба даст меоранд, чунин нест. Барои мисол, вақте ба порлумон омадам, 5500 сомонӣ маош доданд. Дар ҳоле ки пештар дар донишгоҳу пажӯҳишгоҳҳо кор мекардам ва тақрибан 6500 сомонӣ мегирифтам. Яъне, ҳазор сомонӣ бештар аз маоши вакилӣ."

Ислоҳоти иқтисодӣ аз куҷо ба куҷо расид?

Радиои Озодӣ: Аз ҷараёни ислоҳоти иқтисодӣ дар кишвар розӣ ҳастед?

Олимҷон Бобоев: "Не. Ислоҳоти иқтисодӣ бисёр ба сахтӣ пеш меравад. Дар инҷо се омил аст: сатҳи баланди фасоди молӣ, мизони баланди андозҳо ва зери таъсири мақомоти иҷроия қарор доштани додгоҳҳои иқтисодӣ. Фасод бисёр аст ва аз ин хотир соҳибкорӣ пеш намеравад. Баъдан як ҳолати бисёр ногувори тасарруф кардани моликияти як шахс аз сӯи нафари дигар вуҷуд дорад. Барои ҳамин, бархе аз соҳибкорон аз Тоҷикистон ба Русия ва Чину Ҳиндустон мераванд. Мо хостем, инҳисори давлатиро аз байн барем ва хусусигардонии моликияти давлатиро ба роҳ мондем. Вале аз инҳисори давлатӣ ба инҳисори шахсони алоҳида гузаштем. Имрӯз тамоми бозорҳои мо монополия шудаанд. Таъсири манфӣ ҳамин аст. Солҳо боз мегӯем, ки дар дохили кишвар аз пахта маҳсулот омода карда, баъд ба берун барорем. Ҳал карда наметавонем. Ё ин ки мегӯем нархи гӯштро паст кунем, намешавад. Сабаб монополия аст. Барои ин бояд қонун дар бораи нархгузорӣ қабул карда шавад, қонун дар бораи хизматрасонии давлатӣ муқаррар карда шавад. Даҳҳо навъи назорати соҳибкорон вуҷуд дорад ва ҳамаи онро аз байн бурдан лозим аст."

Радиои Озодӣ: Шумо узви Кумитаи умури иқтисодӣ ва молияи порлумон ҳастед ва аз боло рафтани андозу пардохтҳо сухан мегуфтед, оё воқеан ин болоравиҳо барои пур кардани буҷа буданд? Пас, чаро аз чандин ширкати бузург андоз гирифта намешавад ва чаро ин холигоҳи эҷодкардаи онҳоро бояд дигарон пур кунанд?

Олимҷон Бобоев: "Вақте андоз аз як сатҳи муайян боло меравад, дар ин ҳолат гурез аз андоз ба вуҷуд меояд. Имрӯз мо дар иқтисоди Тоҷикистон дақиқ намедонем, ки фоидабахшии ин ё он соҳа чанд дарсад аст. Чунки арзиши асосии маҳсулот бисёр вақт нодуруст ҳисоб мешавад. Ҳамин тавр, хароҷоти истеҳсолии мо нисбат ба кишварҳои дигар, ки ман таҳлил кардам, аз 40 то 46 дарсад зиёд аст. Ин рақобатпазирии истеҳсолотро кам мекунад, фоидае, ки бояд ба буҷа ворид шавад, ба шахсони алоҳида меравад ва фирор аз пардохти молиёт ба миён меояд. Бояд ин чизҳо сода карда шаванд. Барои мисол, агар шумо барои истеҳсолот қарз гирифтанӣ шавед, он 26 дарсад аст, аммо истеҳсоли воқеӣ аз 15 ё 20 дарсад бештар фоида надорад. Воқеан, фоизи андоз ҳам баланд ҳаст. Ман борҳо дар матбуот суҳбат карда будам, ки андозҳо миёншикан ҳастанд, ҳатто корхонаҳо аз андоз мегурезанд ва ё муфлис шуда, аз Тоҷикистон баромада мераванд. Супориши президент ҳам ба Вазорати молия ин буд, ки  Кодекси андоз бозбинӣ шавад."

Конҳои тилову нуқра ба Чин 

Радиои Озодӣ: Назари шумо ба додани конҳои тилову нуқраи Тоҷикистон ба чиниҳо чӣ аст?

Олимҷон Бобоев: "Ҳама чиз вобаста аст ба қарордоде, ки шумо мебандед. Албатта, вақте бо қарордод тамоми чизро ба дасти онҳо супоред, аз дасти мо меравад. Аммо дар қарордодҳое, ки мо дар порлумон тасвиб кардем, аз ин нуқтаи назар бехатарии он пурра таъмин карда шудааст. Онҳо технологияи сатҳи баланд доранд ва бинобар ин созишномаҳои байни Тоҷикистону Чин дар мавриди коркарди нуқраву тило дорем. Дар ин қарордодҳо манфиати мо ҳимоя шудааст."

Вакил ва вазири собиқ чӣ сарватҳо дорад?

Радиои Озодӣ: Эъломияи дороӣ месупоред ва агар махфӣ нест, чӣ доред? Ба номи ҳамсару фарзандон чӣ?

Чӣ хеле як дастгоҳро ба берун мебарорему даромад мегирем, қувваи корӣ ҳам ҳамин тавр аст. Ин чиз бояд ба танзим дароварда шавад. Бисёр вақт муҳоҷирони мо ба таври худҷӯш ба Русия мераванд ва низоми муайян нест.

Олимҷон Бобоев: "Ман ба ғайр аз маош, ҳеч дороии дигар надорам. Ҳашт фарзанд дорам ва ҳеч кадоме аз онҳо дар мақомҳои баланд нестанд. Як писарам дар докторантура таҳсил мекунад ва бояд рӯзҳои наздик ҳимоя кунад. Фарзандони дигарам маълумоти олӣ доранд ва ба корҳои соҳибкории истеҳсолӣ машғуланд."

Радиои Озодӣ: Чун гуфтед, ки синнатон ба нафақа расидааст, оё мешавад бо пули бознишастагӣ хуб зиндагӣ кард?

Олимҷон Бобоев: "Ман нафақаи хуб мегирам. Албатта, бо 2400 сомонӣ зиндагӣ кардан мумкин аст. Вале ҳеч гоҳ дар баробари фаъолиятҳои вазириву вакилӣ аз корҳои илмӣ канор нарафтаам ва аз ин ба баъд ҳам идома медиҳам."

"Нерӯи кор низ содирот аст"

Радиои Озодӣ: Дар бораи муҳоҷирони тоҷик чӣ назар доред ва агар онҳо намебуданд, вазъи иқтисодии кишварро чӣ гуна тасаввур мекардед?

Олимҷон Бобоев: "Инро ҳам як содироти мол гуфтан мумкин аст, чун қувваи корӣ ҳам мол аст. Аммо омори мо ин чизро ба эътибор намегирад. Чӣ хеле як дастгоҳро ба берун мебарорему даромад мегирем, қувваи корӣ ҳам ҳамин тавр аст. Ин чиз бояд ба танзим дароварда шавад. Бисёр вақт муҳоҷирони мо ба таври худҷӯш ба Русия мераванд ва як низоми муайян нест. Аз суи дигар ин чиз фақат миёни ду Русияву Тоҷикистон ҳаллу фасл мешавад. Албатта чанд соли пеш то 4 миллиард доллар аз ҳисоби муҳоҷирон ба кишвар ворид мешуд. Бархе мушкилоти иқтисодӣ дар Русия ба ин таъсир гузошт ва пули фиристодаи муҳоҷирон кам шуд. Аз сӯи дигар танҳо ба Русия фиристодани муҳоҷирони тоҷик аз назари сиёсӣ хатар дорад. Бинобар ин, бо Қазоқистон, Ҷопону Корея ва кишварҳои дигари Аврупову Араб созишномаҳо вуҷуд дорад, ки бояд мардум ба онҷо низ раванд."

"Қонуни Пешво танҳо барои як кас аст"

Радиои Озодӣ: Андешаи Шумо дар бораи қонуни "Пешвои миллат" дар Тоҷикистон чист? Фикр намекунед, ки ин қонун давлатро меросӣ ва хонаводагӣ мекунад?

Олимҷон Бобоев: "Не. Ин қонун муддати дар қайди ҳаёт будани ҷаноби олиро ифода мекунад. Яъне, ин беохир ва аз худашон ба дигарон ба мерос гузоштан нест."

Читайте на 123ru.net

Другие проекты от 123ru.net



Архангельск

«Ростелекома» установил 1222 камеры для наблюдения за ходом государственной итоговой аттестации в Оренбургской области



VIP

Театр «Модерн» представит спектакль к 130-летию Олдоса Хаксли




Українські новини

Виставку «Світ Велетнів» в парку Боздош (м.Ужгород) продовжено до 30.06.2024 року



Новости 24 часа

Театр «Модерн» представит спектакль к 130-летию Олдоса Хаксли



Game News

Helldivers 2 studio wants to slow down the pace of updates: 'We feel a slightly lower cadence overall will benefit both us, you, and the game'



Москва

«СВЯТОЙ ЛЕНИН» УЛУЧШАЕТ ЗАКОНЫ, управляет патентами и улучшает командное планирование в целях учёта интереса всего народа.



News Every Day

Boeing passenger ‘DIES in horror turbulence’ on flight from London sparking emergency landing in latest airline tragedy



Авто

До четырех полос расширят участок трассы Р-132 Золотое кольцо во Владимирской области к юбилею Суздаля



Москва

Мишустин прибыл в Туркменистан на заседание Совета глав правительств СНГ



Концерт

Репосты ВКонтакте отличный способ рекламы Концерта, нового Видео или Песни, Книги!



Москва

Кадеты из Химок поучаствовали в военно-патриотическом параде



WTA

Хромачёва и Сизикова пробились в финал турнира WTA в Рабате в парном разряде



Москва

С чего начинается любое заболевание?



Культура

ЦИРК Бурятии, Россия, Культура, Театр и Дети - талант Екатерины Вахняк



Симферополь

Выставка-обозрение "Из истории русского искусства"



Москва

Творческие способы использования мозаики из стекла в садовом дизайне



Москва

Мэр Собянин: в Москве стартовали испытания первого в РФ беспилотного трамвая



Москва

Количество пользователей-инвесторов на платформе «Атомайз» превысило 72000



Другие популярные новости дня сегодня


123ru.net — быстрее, чем Я..., самые свежие и актуальные новости Вашего города — каждый день, каждый час с ежеминутным обновлением! Мгновенная публикация на языке оригинала, без модерации и без купюр в разделе Пользователи сайта 123ru.net.

Как добавить свои новости в наши трансляции? Очень просто. Достаточно отправить заявку на наш электронный адрес mail@29ru.net с указанием адреса Вашей ленты новостей в формате RSS или подать заявку на включение Вашего сайта в наш каталог через форму. После модерации заявки в течении 24 часов Ваша лента новостей начнёт транслироваться в разделе Вашего города. Все новости в нашей ленте новостей отсортированы поминутно по времени публикации, которое указано напротив каждой новости справа также как и прямая ссылка на источник информации. Если у Вас есть интересные фото Вашего города или других населённых пунктов Вашего региона мы также готовы опубликовать их в разделе Вашего города в нашем каталоге региональных сайтов, который на сегодняшний день является самым большим региональным ресурсом, охватывающим все города не только России и Украины, но ещё и Белоруссии и Абхазии. Прислать фото можно здесь. Оперативно разместить свою новость в Вашем городе можно самостоятельно через форму.



Новости 24/7 Все города России




Загрузка...


Топ 10 новостей последнего часа






Персональные новости

123ru.net — ежедневник главных новостей Вашего города и Вашего региона. 123ru.net - новости в деталях, свежий, незамыленный образ событий дня, аналитика минувших событий, прогнозы на будущее и непредвзятый взгляд на настоящее, как всегда, оперативно, честно, без купюр и цензуры каждый час, семь дней в неделю, 24 часа в сутки. Ещё больше местных городских новостей Вашего города — на порталах News-Life.pro и News24.pro. Полная лента региональных новостей на этот час — здесь. Самые свежие и популярные публикации событий в России и в мире сегодня - в ТОП-100 и на сайте Russia24.pro. С 2017 года проект 123ru.net стал мультиязычным и расширил свою аудиторию в мировом пространстве. Теперь нас читает не только русскоязычная аудитория и жители бывшего СССР, но и весь современный мир. 123ru.net - мир новостей без границ и цензуры в режиме реального времени. Каждую минуту - 123 самые горячие новости из городов и регионов. С нами Вы никогда не пропустите главное. А самым главным во все века остаётся "время" - наше и Ваше (у каждого - оно своё). Время - бесценно! Берегите и цените время. Здесь и сейчас — знакомства на 123ru.net. . Разместить свою новость локально в любом городе (и даже, на любом языке мира) можно ежесекундно (совершенно бесплатно) с мгновенной публикацией (без цензуры и модерации) самостоятельно - здесь.



Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире
Москва

Никабы





Путин в России и мире
Москва

НАЛОГИ С ЗАРПЛАТ И НДС МОГУТ ОТМЕНИТЬ?! Государственная Дума и Правительство РФ оптимизируют налоги.


Лукашенко в Беларуси и мире
Минск

Лукашенко встречал Путина в аэропорту




123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Smi24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.





Зеленский в Украине и мире
Киев

"Зеленскому приготовиться". В Киеве раскрыли, что задумал Порошенко


Навальный в России и мире


Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...



Юрий Лоза

Певец Юрий Лоза заявил, что Пугачева проигрывает Долиной в вокальном мастерстве



Москва

Кадеты из Химок поучаствовали в военно-патриотическом параде

Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net