Эълони Помпео дар бораи Тоҷикистон ва 9 кишвари "помолгар"-и ҳуқуқи динӣ
Дар як баёнияи расмии Майк Помпео, ки вазорати умури хориҷии Амрико, рӯзи 20-уми декабр нашр кард, омадааст: “Рӯзи 18-уми декабр вазорати умури хориҷӣ Бирма, Чин, Эритрея, Эрон, Куриёи Шимолӣ, Покистон, Арабистони Саудӣ, Тоҷикистон ва Туркманистонро дигарбора кишварҳои мояи нигаронии хос эълон кард” чунки ба бовари вазорат ин кишварҳо пайваста ва мудавом “ошкоро озодиҳои диниро маҳдуд кардаанд ва ё помол кардани ҳуқуқи мазҳабиро нодида гирифтаанд.”
Мақомоти Тоҷикистон ҳануз ба ин эълони ҳукумати Амрико вокунише нишон надодаанд, вале дар гузашта гуфтаанд, ки дар кишвар “ҳама ҳуқуқи мазҳабӣ риоят мешавад” ва арзёбиҳои хориҷиён аз вазъи ҳуқуқи динии мардум дар Тоҷикистон ғаразмандона ва нодуруст аст.
Амрико аз соли 2016 ва се сол боз аст, ки Тоҷикистон дар ин феҳрасти кишварҳои помолкунандаи ҳуқуқи мазҳабӣ қарор додааст. Бар асоси муқаррароти худ, Иёлоти Муттаҳида, метавонад, ба зидди ин кишварҳо таҳримот эъмол кунад, вале расман гуфтааст, ки "бо назардошти аҳамияти зиёди Тоҷикистон барои манофеи миллии Иёлоти Муттаҳида аз ин кор худдорӣ мекунад."
Майк Помпео дар баёнияааш ҳамчунин гуфтааст, ки Ҷабҳаи Ал-Нусра, Ал-қоида дар Нимҷазираи Арабӣ, Ал-Қоида, Ал-Шабоб, Боко Ҳарам, Ҳусиҳо, ДОИШ, ҳалқаи Хуросон ва Толибонро ба воҳидҳои мояи нигаронии махсус ворид кардааст.
Дар баёнияи Майк Помпео омадааст: “Чунин таъйинот дигарбора азми Амрико барои ҳимояти моро нишон медиҳад, ки мехоҳанд аз ҳаққи озодии динӣ ва эътиқод баҳра баранд. “
Ҳалқаи Хуросон яке аз шохаҳои гуруҳи ба ном “Давлати исломӣ” аст, ки аксарияти аъзои онро шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон аъзои он ҳастанд.
Гузориш такмил мешавад. Бозгашт ба саҳифаи моро фаромӯш накунед.