Зоиров аз Раҳмон хост, гаравпулии интихоботро бекор кунад
Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократ ва мушовири пешини раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз президент Эмомалӣ Раҳмон хостааст, ки гаравпулии номзадҳо барои интихоботи порлумониро бекор кунад.
Ин гаравпулӣ барои ҳар номзад 5 ҳазору 800 сомонӣ (баробар ба тақрибан 600 доллар) муқаррар шудааст.
Зоиров рӯзи 9-уми декабр дар изҳороте гуфт, "барои 10 номзади ҳизб 58 ҳазор сомонӣ ва барои 22 нафар беш аз 127 ҳазор сомонӣ зарур аст. Ин ғорат дар рӯзи равшан аст."
Мақомоти Тоҷикистон гаравпулиро як шарти асосии иштирок дар интихобот медонанд ва мегӯянд, ҳар касе пирӯз шуд, маблағашро пас мегирад, аммо афроди ноком пули худро аз даст медиҳанд. Раҳматилло Зоиров мегӯяд, дар ин байн қурбонӣ боз ҳам Ҳизби сотсиал-демократ хоҳад буд.
"Ҳамин тавр, пуле, ки бо меҳнати сангин ба даст овардем, ба "фоида”-и буҷаи давлатӣ мубаддал мегардад. Яъне, ин як роҳи даромад гирифтани давлат аз ҳисоби одамонест, ки ба ҳукумат номақбул мебошанд," – гуфтааст раиси ҲСДТ. Вай афзудааст, "гарави интихоботиро фавран бекор кунед, ончунон ки 10 сол пеш Русия бекор карда буд."
Зоиров мегӯяд, дар 10 соли ахир 15 бор масъалаи бекор кардани ҳама гуна гарави интихоботиро дар миён гузошт, вале бенатиҷа. Мақомот ба пешниҳоди Зоиров ҳанӯз вокуниш накардаанд. Дар гузашта баъзе аз афроди алоҳида низ гаравпулии номзадҳоро гарон хонда буданд.