Мы в Telegram
Добавить новость
World News in Tajik





160*600

Новости сегодня на DirectAdvert

Новости сегодня от Adwile

Актуальные новости сегодня от ValueImpression.com


Опубликовать свою новость бесплатно - сейчас


<
>

Порлумон хост, 40%-и мансабҳоро ба занон диҳанд. Ҳукумат чӣ гуфт?

Порлумон хост, 40%-и мансабҳоро ба занон диҳанд. Ҳукумат чӣ гуфт?

Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳоди вакилони порлумонро дар бораи бештар кардани сафи занони мансабдор рад кардааст. Феълан дар Тоҷикистон тақрибан 19 ҳазор хидматчии давлатӣ ҳастанд ва аз ин ҳисоб 24 дарсад занонанд. Вакилон ҳангоми ислоҳи қонун дар бораи хидмати давлатӣ пешниҳод кардаанд, ки ин рақам то 40 дарсад боло бурда шавад.

Намояндагони ҳукумат гуфтаанд, масъалаи қабули занон ба кор дар идораҳои давлатӣ дар қонунҳои дигар ҳал шудааст.  

Ҳоли ҳозир аз 21 узви ҳукумати Тоҷикистон як зан дар мақоми вазири меҳнату муҳоҷират кор мекунад. Мақоми раиси дастгоҳи иҷроияи президент, раиси Кумитаи занону забон ва раҳбарии баъзе аз шаҳру ноҳияҳо низ ба занон ихтисос ёфтааст. Вале намояндагони "ҷинси латиф" аксаран дар вазорату кумитаҳо ва бонкҳо нақши дувуму саввумро иҷро мекунанд. Аз 63 курсии парлумон 12 курсиро занон дар ихтиёр доранд.

Нозирони умур бовар доранд, ки тақсими вазифаҳо ба занон асосан интихобиву ҳисобшуда ва ба хотири риояи баробарии ҷинсӣ ва  ҳуқуқи занон аст. Чизе, ки созмону кишварҳои ғарбӣ ҳангоми ироаи кумакҳо ба назар мегиранд. 

Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон, ҳафтаи гузашта тағйирот ба қонун дар бораи хидмати давлатиро қабул кард. Ислоҳҳои нав бештар имлоӣ буданд, чун ба гуфтаи вакилон, ҳукумат пешниҳоди асосии онҳоро напазируфт.

Иброҳим Абдуллозода, вакили Маҷлиси Намояндагон ва яке аз муаллифони тарҳ, рӯзи 22-юми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, пешниҳоди вакилон дар назар дошт, ки дар се соли оянда шумори хидматчиёни давлатӣ аз ҳисоби занон ба чиҳил дарсад расонда шавад. "Ҳадаф боло бурдани мақоми занон буд, вале аз тарафи ҳукумат қабул нашуд," -- афзуд ӯ.

Қонунгузории Тоҷикистон мушаххас нагуфтааст, ки чӣ теъдод аз хизматчиёни давлатӣ бояд занон бошанд. Масъулони Оҷонси хидмати давлатӣ мегӯянд, Қонуни асосии кишвар ҳуқуқи зану мардро барои кор дар идораҳои давлатӣ баробар муайян кардааст.

Айни замон, ба гуфтаи онҳо, барои ҷалби бештари занон ба хидмати давлатӣ имтиёзҳое муайян кардаанд. Як масъули бахши ҳуқуқи Оҷонси хидмати давлатӣ бе зикри номаш рӯзи 21-уми ноябр гуфт, ҳангоми қабул ба идораҳои давлатӣ ба занон бартарӣ медиҳанд: "Дар сурате ки зан бори аввал ба хидмати давлатӣ ворид мешавад ва дар озмун иштирок мекунад, нисбат ба дигар рақибонаш се холи иловагӣ дода мешавад. Ба хотири онки шумораи занон дар хизмати давлатӣ бештар бошад."

Таҳлилгарон мегӯянд, сиёсати ҳукумат дар бораи бонувон ва ҷалби онҳо ба корҳои давлатӣ ва масоили баробарии ҷинсӣ бояд бознигарӣ шавад. Дар акси ҳол иддаои роҳкушоӣ ба рушди бонувон дар сатҳи шиоре мемонад, ки ҳамасола такрор мешавад, вале ҳосиле ба бор намеорад.  

Бархе аз занон аз қоидаҳои нонавишта дар ҷомеаи Тоҷикистон низ суҳбат мекунанд, ки барои мансабдор шудани онҳо монеа мегузоштааст. Дар хона нишастан ва ба тарбияи фарзанд машғул шудан, ба гуфтаи Мунира Иноятова, вазири пешини маорифи Тоҷикистон, аз чунин "қонунҳои нонавишта" аст.

Иноятова дар мақоми вазири маорифи Тоҷикистон шаш сол кор кардаст. Ӯ афзуд: "Баъзе мардон розӣ намешаванд, ки занҳояшон дар ин сатҳҳо кор кунанд. Ақидаҳое аст, ки зан бояд фақат ба тарбияи кӯдакон машғул шуда, ба кори ҷамъиятӣ ҷалб нашавад. Илова ба ин, на ҳама зан имконияти роҳбар шуданро дорад."

Бино ба ҳисобҳои се сол пеш тақрибан 50 дарсади аҳолии Тоҷикистонро занон ташкил медиҳанд ва ҳоло бахши асосии зиндагӣ низ ба дӯши онҳо афтодааст. Аксар мардони хонавода барои кор дар Русия ва кишварҳои дигар қарор доданд ва моҳҳову баъзан солҳо дур аз зану фарзанд ба сар мебаранд. Дар чунин шароит баъзан дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва матбуот ин масъала низ доман зада мешавад, ки бояд занон дар мақомҳои хеле боло ҷой дошта бошанд, то тавонанд аз ҳуқуқи якдигар ҳимоят кунанд.  

Соли 2013 Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони тоҷик, аз нахустин занони тоҷик буд, ки талош кард, дар интихоботи президентии ҳамон сол вориди рақобат шавад. Мақомот бо баҳонаи онки имзои заруриро ҷамъ наовард, аз сабтиноми ӯ худдорӣ карданд. Дар остонаи интихоботи соли оянда баъзан аз духтари раиси ҷумҳур Озода Раҳмон ба ҳайси номзади эҳтимолӣ ном мебаранд. Мақомот дар ин бора чизе нагуфтаанд. 

Коршиносон ҷомеаи Тоҷикистонро мардсолор ва муҳофизакор тасвир мекунанд, ки ба гуфтаи онҳо аз эҳтимол дур аст курсии шахси аввал ва мақомҳои дигари баландро ба занон бовар кунанд ва худ тамошогар бошанд. Ба бовари онҳо, ҳанӯз барои занон ҳангоми кор дар мақомҳои давлатӣ "сақф"-е вуҷуд дорад, ки аз он набояд болотар раванд.

Шоҳиди ҳодисае шудед, манзараи ҷолиберо дидед ва ё хабари муҳим шунидед? Аз роҳи осон ва амн бо рақами Телеграми мо +420 724 053 959 фиристед. Ба канали Телеграми мо ҳамроҳ шавед

Читайте на 123ru.net

Другие проекты от 123ru.net



Архангельск

Портативный ТСД корпоративного класса Saotron RT-T70



Жизнь

Масштабирование дизайнера: опыт работы в международных компаниях премиум-класса






Другие популярные новости дня сегодня


123ru.net — быстрее, чем Я..., самые свежие и актуальные новости Вашего города — каждый день, каждый час с ежеминутным обновлением! Мгновенная публикация на языке оригинала, без модерации и без купюр в разделе Пользователи сайта 123ru.net.

Как добавить свои новости в наши трансляции? Очень просто. Достаточно отправить заявку на наш электронный адрес mail@29ru.net с указанием адреса Вашей ленты новостей в формате RSS или подать заявку на включение Вашего сайта в наш каталог через форму. После модерации заявки в течении 24 часов Ваша лента новостей начнёт транслироваться в разделе Вашего города. Все новости в нашей ленте новостей отсортированы поминутно по времени публикации, которое указано напротив каждой новости справа также как и прямая ссылка на источник информации. Если у Вас есть интересные фото Вашего города или других населённых пунктов Вашего региона мы также готовы опубликовать их в разделе Вашего города в нашем каталоге региональных сайтов, который на сегодняшний день является самым большим региональным ресурсом, охватывающим все города не только России и Украины, но ещё и Белоруссии и Абхазии. Прислать фото можно здесь. Оперативно разместить свою новость в Вашем городе можно самостоятельно через форму.



Новости 24/7 Все города России




Загрузка...


Топ 10 новостей последнего часа






Персональные новости

123ru.net — ежедневник главных новостей Вашего города и Вашего региона. 123ru.net - новости в деталях, свежий, незамыленный образ событий дня, аналитика минувших событий, прогнозы на будущее и непредвзятый взгляд на настоящее, как всегда, оперативно, честно, без купюр и цензуры каждый час, семь дней в неделю, 24 часа в сутки. Ещё больше местных городских новостей Вашего города — на порталах News-Life.pro и News24.pro. Полная лента региональных новостей на этот час — здесь. Самые свежие и популярные публикации событий в России и в мире сегодня - в ТОП-100 и на сайте Russia24.pro. С 2017 года проект 123ru.net стал мультиязычным и расширил свою аудиторию в мировом пространстве. Теперь нас читает не только русскоязычная аудитория и жители бывшего СССР, но и весь современный мир. 123ru.net - мир новостей без границ и цензуры в режиме реального времени. Каждую минуту - 123 самые горячие новости из городов и регионов. С нами Вы никогда не пропустите главное. А самым главным во все века остаётся "время" - наше и Ваше (у каждого - оно своё). Время - бесценно! Берегите и цените время. Здесь и сейчас — знакомства на 123ru.net. . Разместить свою новость локально в любом городе (и даже, на любом языке мира) можно ежесекундно (совершенно бесплатно) с мгновенной публикацией (без цензуры и модерации) самостоятельно - здесь.



Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире
Москва

Крылатчан попросили с пониманием отнестись к спортивному ориентированию





Путин в России и мире
Москва

Кировчанин с позывным Струна стоял рядом с Владимиром Путиным 9 Мая в Москве


Лукашенко в Беларуси и мире
Минск

Лукашенко высоко оценил организацию парада Победы в Москве




123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Smi24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.





Зеленский в Украине и мире

Навальный в России и мире


Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...



Булат Окуджава

Почетный гражданин: Булату Окуджаве — 100 лет!



Москва

Вильфанд: температура воздуха в России оказалась ниже нормы во всех регионах, кроме Сибири

Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net