Добавить новость
World News in Tajik





160*600

Новости сегодня на DirectAdvert

Новости сегодня от Adwile

Актуальные новости сегодня от ValueImpression.com


Опубликовать свою новость бесплатно - сейчас


Аз нархи орд то талаби истеъфои вазири дифоъ дар нашрияҳои Душанбе

Нашрияҳои чопи Душанбе ин ҳафта бозтоби "сарбозшикор" ё рабудани ҷавононро барои ҷалб ба хидмати ҳарбӣ давом дода, ҳамчунин ба гаронтар шудани нархи орд таваҷҷуҳ кардаанд. Матлабҳои асосии нашрияҳои расмӣ ва давлатӣ аксаран ба парчами миллӣ ва президент бахшида шудаанд. Чопи нашрияҳо ин ҳафта ба 16-уми ноябр, яъне "Рӯзи президент" рост омад ва 24-уми ноябр Рӯзи парчами миллист. 


"Марги беш аз 25 ҷонвар дар Боғи ҳайвоноти Душанбе"


"Азия-Плюс" дар гузориши тасвирие вазъи Боғи ҷонварони Душанберо бозтоб дода, аз забони сокинон гуфтааст, бо омадани зимистон ин мушкил сангинтар мешавад. Нашрия менависад, дар соли 2019 дар боғ беш аз 25 ҷонвар, аз ҷумла 3 уштур, 2 шутурмурғ, тимсоҳ, оҳуи бухороӣ ва чанд ҷонвари дигар фавтидаанд. Дар матлаб гуфта шудааст, масъулони Боғи ҷонварон ба пурсишҳои нашрия посух надодаанд.


Нашрияи "Самак" ҳам гузориши Радиои Озодиро дар бораи барканории мудири боғи ҳайвонот бо каме тағйир, вале бидуни зикри манбаъ ва бо аксҳо аз ин боғ нашр кардааст.


Боғи ҷонварони Душанбе, ки солҳои шастуми асри гузашта сохта шудааст, борҳо зимни ҳодисаҳои гуногун мавриди таваҷҷуҳи расонаҳои хабарии Тоҷикистон қарор гирифтааст. Ҳамин ҳафта роҳбари Боғи ҳайвонотро баъд аз марги ду ҷонвар аз вазифа гирифтанд. Ду моҳ пеш як гавазн ва як шутурмурғ дар ин боғ фавтида буданд. 




Орд: дар Қазоқистон 80 дар Тоҷикистон 240 сомонӣ?


Ҳафтаномаи "Тоҷикистон" дар як матлаби таҳлилӣ баъзе сабабҳои болоравии бесобиқаи нархи ордро дар Тоҷикистон шарҳ додааст. Дар матлаб омадааст, "ду моҳ пеш нархи як халта орди навъи якум 170 сомонӣ буд, ҳоло аз марзи 220 сомонӣ ҳам гузаштааст." Муаллиф сабаби болоравии нархро аз масъулони Хадамоти зиддиинҳисорӣ – ниҳоде, ки нархро назорат мекунад, пурсидааст. “Нархи гандум нисбат ба соли гузашта дар Қазоқистон беш аз 20 дар сад афзуд”, -- гуфтааст Дилшод Музаффарзода, муовини раиси ин ниҳод.


Ҳамасола Тоҷикистон ба 2 миллион тонна орду маҳсулоти ғалладона ниёз дорад, вале ҳамагӣ ҳудуди 1 миллион тоннаи онро метавонад дар дохил тавлид кунад. Бино ба омори расмӣ аз Қазоқистон солона беш аз 700 ҳазор тонна орду гандум ворид мешавад. Дар ин гузориш аз қавли як сокин навишта шудааст: "Дар Қазоқистон як халта орд харидем, ва он бо ҳисоби пули миллӣ 70-80 сомонӣ мешавад. Наход нархи роҳкиро то Тоҷикистон 120 сомонӣ шавад?", -- суол гузоштааст ин сокин.


Масъулони Хадамоти зиддиинҳсорӣ ба ҳукумат пешниҳод кардаанд, ки барои коҳиш додани нархи орд тоҷирони гандумро аз андоз аз арзиши иловашуда, ки 10 дарсад аст, озод кунанд ё ин навъи андоз кам карда шавад. Дар ин матлаб нашрия сабаби боло рафтани нархи ордро бо суоли беҷавоб ишора задааст, ки ин натиҷаи “монополия аст ё омили дигар?”


Иқтисоддонҳо мегӯянд, аксари заминҳои кишти Тоҷикистон, ки хоҷагиҳои шахсӣ шудаанд бемаврид истифода мешаванд. Ба ҷойи кишти ғалладона дар ин заминҳо хӯроки чорво парварда мешавад ва ин кишвар наметавонад худро бо маҳсулоти ниёзи аввалия таъмин намояд.


Нашрияи “СССР” ҳам ба болоравии нархи орд пардохта, аз тазоде навиштааст, ки баробари зиёд шудани нархи орд истеъмоли он ҳам аз тарафи сокинон зиёд шудааст. Ин ҳафтанома навиштааст, дар вилояти Хатлон ҳар сокин ба ҷойи истеъмоли 78 кило орд дар як сол 126 кило орд хӯрдааст. Ба навиштаи нашрия, баръакс истеъмоли гӯшт кам шуда, ҳар сокин ба ҷои 44,8 кило дар як сол ҳамагӣ 13,8 кило гӯшт хӯрдааст.


"Сохтакорӣ дар пахтакорӣ”


“Ҷумҳурият” дар баробари нашри матолиб дар васфи президент ба мушкили кишти пахта таваҷҷуҳ кардааст. Дар матлабе зери унвони “Минтақаи Кӯлоб, сохтакорӣ дар пахтакорӣ” навиштааст, баъзе деҳқонон аз уҳдаи иҷрои нақша набаромадаанд. Деҳқонон ба рӯзноманигор сабаби кам шудани ҳосилро гармии аз ҳад зиёди ҳавои тобистон гуфтаанд. Аммо муаллиф навиштааст, минтақаҳои аз Кӯлоб ҳам гармтари Тоҷикистон дар муқоиса ба Кӯлоб ҳосили зиёд гирифтаанд ва "тағйири иқлим баҳонае беш нест". Мутахассиси соҳаи кишоварзӣ гуфтааст, беҳосилии пахта аз камтаҷрибагии деҳқонон ва гаронии арзиши нуриҳои азотӣ аст.


"Дар шӯъбаҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳои минтақа ҳамагӣ як агроном кор мекунад, ки ба роҳбарони ҳазор хоҷагии деҳқонӣ маслиҳати заруриву саривақтӣ дода наметавонад," -- омадааст дар матлаб.


Ҳафтаномаи "Фараж" дар як гузориши тасвирӣ аз бунёди маҳаллаи нави аҳолинишин дар макони моддаҳои атомиву радиатсионӣ дар шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд хабар додааст. Дар ин матлаб гуфта шудааст, қаблан дар корхонаҳои истеҳсолии шаҳри Истиқлол барои саноати атомии Иттиҳоди Шӯравӣ маҳсулоти хоми радиатсионӣ истеҳсол карда мешуд: "Баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ин шаҳр ба маънои томаш мавзеи тохту този ғоратгарон гашта, тамоми корхонаҳо қариб, ки пурра вайрону валангор гаштанд. Чун “занбуруғҳои баъди борон” сохтмони манзилҳо дар ин мавзеъҳои радиатсиониву мамнуъ ба авҷи аълои худ расидааст."


Аз замони Шӯравӣ дар манотиқи гуногуни Тоҷикистон садҳо ҳазор тонна партоби дорои радиатсия ва моддаҳои заҳрогин мондааст, ки аксаран манобеи бисёре аз бемориҳо гуфта мешавад. Давлати Тоҷикистон на танҳо тавони гӯр кардани ин моддаҳоро надорад, балки аз беназоратӣ дар ин маконҳо сокинон манзил ҳам сохтаанд.


Шаш решаи устувори "сарбозшикор"


Рӯзномаи “Имрӯз News” дар шумораи нави худ матлаби Абдураҳим Умариёнро ҷой кардааст, ки “облава ва 6 решаи устувори он”-ро бозгӯ мекунад. Муаллиф дар шабурӯзе, ки даъвати тирамоҳии наваскарон идома дорад ва ҳамарӯза хабари ҷалби маҷбурии ҷавонон нашр мешавад, 6 мушкилеро гуфтааст, ки сабаби асосии гурези ҷавонон аз артиш мегардад.


Мушкили рақами 1 ба гуфтаи муаллифи матлаб, "муҳлати тӯлонии хидмат аст. Ҳамин тавр мушкили №2 – “Дедовшина”-и русӣ ва марази маҳалгароӣ, №3 –Кафедраҳои ҳарбӣ устухон дар гулӯи артиш, №4 –набудани фонди махсус барои артиш, №5 набудани имтиёзҳои зарурӣ ба ходимони артиш ва №6 натарсидан аз гуфтани камбудиҳои артиш" будааст.


Маъракаи даъвати тирамоҳии наваскарон ба артиш ин дафъа бо чолишҳои зиёд дар хотири мардум нақш баст. Рӯзе нест, ки аксу навор ва шикояте аз "сарбозшикор" ё “облава” дар Интернету расонаҳои хабарӣ нашр нашавад. Кор то ҷое расид, ки ҷавони беморро ҳангоми “облава” дардаш хуруҷ намуд ва бисёре аз фаъолони ҷомеа ҳатто талаби истеъфои вазири мудофиаро намуданд.


Шоҳиди ҳодисае шудед, манзараи ҷолиберо дидед ва ё хабари муҳим шунидед? Аз роҳи осон ва амн бо рақами Телеграми мо +420 724 053 959 фиристед. Ба канали Телеграми мо ҳамроҳ шавед

Читайте на сайте

Другие проекты от 123ru.net








































Другие популярные новости дня сегодня


123ru.net — быстрее, чем Я..., самые свежие и актуальные новости Вашего города — каждый день, каждый час с ежеминутным обновлением! Мгновенная публикация на языке оригинала, без модерации и без купюр в разделе Пользователи сайта 123ru.net.

Как добавить свои новости в наши трансляции? Очень просто. Достаточно отправить заявку на наш электронный адрес mail@29ru.net с указанием адреса Вашей ленты новостей в формате RSS или подать заявку на включение Вашего сайта в наш каталог через форму. После модерации заявки в течении 24 часов Ваша лента новостей начнёт транслироваться в разделе Вашего города. Все новости в нашей ленте новостей отсортированы поминутно по времени публикации, которое указано напротив каждой новости справа также как и прямая ссылка на источник информации. Если у Вас есть интересные фото Вашего города или других населённых пунктов Вашего региона мы также готовы опубликовать их в разделе Вашего города в нашем каталоге региональных сайтов, который на сегодняшний день является самым большим региональным ресурсом, охватывающим все города не только России и Украины, но ещё и Белоруссии и Абхазии. Прислать фото можно здесь. Оперативно разместить свою новость в Вашем городе можно самостоятельно через форму.



Новости 24/7 Все города России




Загрузка...


Топ 10 новостей последнего часа






Персональные новости

123ru.net — ежедневник главных новостей Вашего города и Вашего региона. 123ru.net - новости в деталях, свежий, незамыленный образ событий дня, аналитика минувших событий, прогнозы на будущее и непредвзятый взгляд на настоящее, как всегда, оперативно, честно, без купюр и цензуры каждый час, семь дней в неделю, 24 часа в сутки. Ещё больше местных городских новостей Вашего города — на порталах News-Life.pro и News24.pro. Полная лента региональных новостей на этот час — здесь. Самые свежие и популярные публикации событий в России и в мире сегодня - в ТОП-100 и на сайте Russia24.pro. С 2017 года проект 123ru.net стал мультиязычным и расширил свою аудиторию в мировом пространстве. Теперь нас читает не только русскоязычная аудитория и жители бывшего СССР, но и весь современный мир. 123ru.net - мир новостей без границ и цензуры в режиме реального времени. Каждую минуту - 123 самые горячие новости из городов и регионов. С нами Вы никогда не пропустите главное. А самым главным во все века остаётся "время" - наше и Ваше (у каждого - оно своё). Время - бесценно! Берегите и цените время. Здесь и сейчас — знакомства на 123ru.net. . Разместить свою новость локально в любом городе (и даже, на любом языке мира) можно ежесекундно (совершенно бесплатно) с мгновенной публикацией (без цензуры и модерации) самостоятельно - здесь.



Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире




Путин в России и мире

Лукашенко в Беларуси и мире



123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Smi24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.






Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...





Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net