Тирпарронӣ дар Леваканд. Мақомот таҳқиқ мекунанд
Мақомоти Додситонӣ ва Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон задухӯрди мусаллаҳона миёни ду гуруҳ дар ҷамоати Гулистони шаҳри Леваканд (Сарбанди собиқ)-ро таҳқиқ мекунанд. Мақомот расман аз пешниҳоди ҳар гуна маълумот дар бораи ҳодиса худдорӣ меварзанд. Бино ба хабарҳои дарёфтӣ, дар ин задухӯрд як нафар захмӣ шудааст, аммо маълум нест аз тири силоҳ ё ашёи дигар.
Манобеи Радиои Озодӣ дар мақомоти тафтишотӣ ва ҳукумати маҳаллӣ гуфтанд, ҳодиса шоми 17-уми ноябр рух додааст. "Гурӯҳи аввал ба хонаи Ҳотамов Илҳом Шарбатович рафтаанд ва миёни онҳо баҳс сар задааст. Баъдан баҳс то занозанӣ ва тирпарронӣ кашида мешавад," – гуфт як манбаъ.
Ба қавли манобеи Радиои Озодӣ, баҳс ба сари замин ва қарз будааст.
Илҳом Ҳотамов, маъруф бо номҳои Илҳоми Ботурободӣ ё "Илҳом-Командир", дар гузашта ба тиҷорати пахта машғул буд. Ҳоло ӯ бо писараш ва афроди дигаре, ки дар ин ҷанҷол ширкат доштанд, аз ҷониби Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон бозпурсӣ мешаванд.
Тарафи дигари баҳс, ба гуфтаи манобеи Радиои Озодӣ, аз афроди наздик ба моликони бозори "Ҳоҷӣ Шариф" дар шаҳри Бохтар иборат аст. Ин иттилоъро расман мақомот ва ҳеч манбаи дигар тасдиқ ва ё рад намекунанд. Бозори "Ҳоҷӣ Шариф" ба хонаводаи Соҳибовҳо, ки бо Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон наздик ҳастанд, тааллуқ дорад.
Зарина Давлатзода, раиси шаҳри Леваканд, рӯзи 18-уми ноябр гуфт, шарҳи ҳодиса дар салоҳияти ӯ нест.
Дар Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Леваканд гуфтанд, "ҳодисаро мақомоти вилоят таҳқиқ мекунанд". Дар Раёсати умури дохилии вилояти Хатлон ҳодисаро тасдиқ карданд, аммо аз ҷузъиёти он худдорӣ намуданд.
Аҳрор Иззатуллоев, сардухтури Бемористони марказии шаҳри Леваканд гуфт, тибқи иттилое, ки ӯ дорад ҳодиса дар деҳаи Тоҷирон рух додааст. Вай афзуд, дар пайи ҳодиса ягон нафари маҷруҳро ба беморхонаи онҳо наовардаанд.
Мусоҳиби мо афзуд, то ҷое медонад, тирпарронӣ дар назди манзили Илҳом Ҳотамов рух додааст. "Ягон кас тир нахӯрдааст. Ҳеч касро ба беморхона наоварданд. Ҳодиса дар хонаи Илҳом ном шахс шудааст. Бачаҳо ба осмон тир холӣ кардаанд."
Дар бораи шахсияти Илҳом Ҳотамов маълумоти зиёде дар даст нест. Тибқи иттилои дарёфтӣ ӯ яке аз соҳибкорони маъруф дар вилояти Хатлон аст.
Кӯшиши мо барои гирифтани шарҳи расмии мақомот то ин дам бенатиҷа буд.
Насрулло Маҳмудзода, додситони вилояти Хатлон нахост, дар ин бора суҳбат кунад. Ӯ баъд аз шунидани суолигуфт, “дертар занг занед, дар наздам одам аст.”
Дафтари матбуоти Вазорати умури дохилӣ низ гуфт, дертар ҳодисаро шарҳ медиҳанд, аммо бо гузашти панҷ соат Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати умури дохилӣ дигар ба занги мо ҷавоб надод.
Ҷумъахон Мухторов, ёвари раиси шаҳри Леваканд аз ҳодиса изҳори бехабарӣ кард. Хайриддин Мусоев, раиси ҷамоати Гулистон низ бо баҳонаи нав таъйин шудан аз шарҳи ҷузъиёти ҳодиса худдорӣ кард.
Худдории мақомот аз ироаи ҷузъиёти ҳодисаи тирпарронӣ дар шаҳри Леваканд суолҳои зиёдеро эҷод кардааст.
Моҳи марти имсол дар натиҷаи як задухӯрди мусаллаҳона дар шаҳри Бохтар (Қӯрғонтеппаи собиқ) се нафар, аз ҷумла як корманди пулис захмӣ шуда буданд. Ҳодиса дар назди бозори "Ҳоҷӣ Шариф" рух дод. Он вақт низ мақомот сабаби занозании ду гурӯҳро шарҳ надоданд. Як манбаи Радиои Озодӣ дар мақомот бе зикри номаш гуфта буд, ки ҷанҷол ба сари пули қарз сурат гирифтааст.