Мы в Telegram
Добавить новость
World News in Tajik





160*600

Новости сегодня на DirectAdvert

Новости сегодня от Adwile

Актуальные новости сегодня от ValueImpression.com


Опубликовать свою новость бесплатно - сейчас


<
>

25 соли Қонуни асосии Тоҷикистон: Имконот ва тазодҳо

25 соли Қонуни асосии Тоҷикистон: Имконот ва тазодҳо

Шашуми ноябр Қонуни асосии Тоҷикистон вориди соли 25-уми мавҷудияти худ шуд. Коршиносон ҳамагӣ бар ин назаранд, ки дар муддати хеле кӯтоҳу вале давраи вазнини таърихӣ Қонуни асосӣ асоси бунёди давлати муосирро гузошт. Вале ин коршиносон тағйироту иловаҳои минбаъд ба он воридаро ҳар гуна баҳогузорӣ мекунанд. Бархеҳо барои ин зарурати таърихӣ ва тақозои замонро диданд, дигарон бошанд инро хостаҳои доираҳои ҳукуматӣ барои ҳифзи мавқеи худ мехонанд.

Дар райъпурсии умумимиллӣ, дар марҳилаи шадиди ҷанги шаҳрвандӣ, 6-уми ноябри соли 1994 Қонуни асосии Тоҷикистон қабул шуд, ки асосҳои ҳаёти сиёсӣ ва пояҳои давлати муосирро мушаххас кард. Чунин як санади муҳим дар пасманзари раванди музокироти тоза оғозшуда таҳия ва қабул гардид ва шароите буд, ки бахши аъзами мардуми кишвар дар муҳоҷирати иҷборӣ қарор доштанд. Муаллифони Қонуни асосии Тоҷикистон ҳуқуқшиносони шинохтае чун Ашурбой Имомов, Зариф Ализода, Халифабобо Ҳомидов ва Раҳматилло Зоиров ва низ Абдулмаҷид Достиев буданд.

Қонуни асосӣ Тоҷикистонро чун давлати соҳибихтиёр, дунявӣ, ягона, демократӣ ва ҳуқуқбунёд муайян кард. Маҳз ҳамин усулҳоро минбаъд  ҳукумати расмӣ ҳамчун дастоварди давлат ёдовар мешавад ва боз маҳз барои нақз кардани ҳамин усулҳо мақомот ба таври мунтазам аз сӯйи  ниҳодҳои байналмилалӣ мавриди интиқод қарор мегиранд ва вориди рӯйхати радабандиҳои ҷаҳонии марбут ба ҳуқуқи озодиҳои башар мешаванд.

Замонат ва ихтилофот

"Тақрибан тамоми кишварҳои ҷаҳони муосир конститутсияи худро ба унвони қонуни асосии давлат, ки мақоми ниҳодҳои давлатиро танзим мекунаду ҳуқуқи озодиҳои инсонро таъмин менамояд, доранд. Усули машрута (конститутсионализм) мабнӣ ба таъмини ин ҳуқуқҳо дар тамоми бахшҳост. Ва агар ба ин мафҳум такя кунем, пас намешавад гуфт, ки дар Тоҷикистон машрутият (конститутсионализм) вуҷуд дорад",-мегӯяд доктори илми ҳуқуқ Шокирҷон Ҳакимов. Ӯ мегӯяд, ки Қонуни асосӣ меъёрҳои зиёдеро пешбинӣ мекунад, ки аз санадҳои бунёдии СММ ва таҷрибаи кишварҳои дорои иқтисоди пешрафта бархостаанд, вале таҷрибаи татбиқи ин меъёрҳо пурсишҳои зиёдеро ба миён овардааст.

Вале дар доираҳои коршиносии наздик ба ҳукумат ба ин арзёбӣ мувофиқ нестанд. Муовини пешини мудири Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон Сайфулло Сафаров дар яке аз мусоҳибаҳояш бо хабаргузории "Ховар" гуфта буд, ки Қонуни асосии Тоҷикистон ба тамоми санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ мутобиқат мекунад ва набуди эроде аз сӯи созмонҳои боэътибори байналмилалӣ чун СММ ва САҲА бар матни он, далели ин гуфта мебошад.

Конистутсияи Тоҷикистон кишварро ҳамчун давлати иҷтимоӣ муайян кардааст, ки сиёсати он барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. Қонуни Асосӣ ҳамчунин плюрализми сиёсиву идеологиро пешбинӣ намудааст. Моддаҳои Қонуни асосб дахлнопазирии шахс, манзил, маҳрамияти мукотибот ва гуфтугӯҳои телефониро замонат дода, сензура ва таъқиб барои танқидро манъ мекунад ва ҳуқуқи муттаҳид шудан ва мушорикат дар сиёсатва ҳуқуқҳои бисёри дигарро таъмин менамояд.

Бо вуҷуди ин созмонҳои байналмилалӣ ин замонатҳоро таҳти шубҳа қарор додаанд. Аз ҷумла, дар гузориши Freedom House барои соли 2018 гуфта мешавад, ки мақомот мисли соли 2017 фишор болои ҷомеаи шаҳрвандиро идома додаанд. Моҳи май раисҷумҳур иловаҳои ворида ба қонуни муқовимат бо фасодро имзо кард, ки иттиҳодияҳои ҷамъиятиро муваззаф мекунад, ки ба Оҷонсии зидди фасод дар мавриди хатари фасод дар ниҳодҳояшон иттилоъ диҳанд.

Бар пояи ин гузориш, санҷишҳои фаровони Кумитаи андоз, Хадамоти зидди сӯхтор, Оҷонсии зидди фасод ва мақомоти дигари давлатӣ ба фаъолияти ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ мамониат эҷод мекунанд. Мақомот дар соли 2017 намунаҳои ифротгароиро ҳамчун баҳона барои назорати шадиди созмонҳои диннӣ истифода кардаанд.

Кумитаи дин таъйид намуд, ки соли 2017 масҷидҳои "ғайриқонунӣ"-ро ба теъдоди 1938 бастааст ва ё онҳоро барои баргузори ниёзҳои маъракаҳои дунявӣ табдил додаанд. Маҳдудият ҷорӣ кардан дар пӯшидани либос занон) дар саффи аввали ин гуна талошҳо қарор дорад: ҳамчунин иттилооти фаровоне аз иҷборан тарошидани риш ва маҷбур кардан ба кашидани ҳиҷоб низ буд.

Ин гузориш мегӯяд, бо талошҳои назорат бар дастрасӣ ба маълумот, Вазорати фарҳанг моҳи апрели соли 2017 қароре қабул кард, ки мувофиқи он бидуни иҷозаи ин ниҳод ба кишвар ворид кардан ва аз кишвар бурдани китоб манъ аст. Хадамоти алоқа ба масдуд кардани …сайтҳои хабарии мустақил идома медиҳад, ҳарчанд аз бархе сайтҳову шабакаҳои иҷтимоӣ дар соли 2017 масдудият бардошта шуд.

Моҳи июл порлумони Тоҷикистон қонуни наверо тасвиб кард, ки ба мақомоти қудрати иҷозаи дастрасӣ ба фаъолиятҳои онлайнӣ ва иттилоияҳои матнии шаҳрвандонро медиҳад".  Ба ин тартиб, дар гузориш тақрибан тамоми замонатҳои таъкидшудаи ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд дар конститутсия интиқод мешаванд.

Сиёсатшиноси тоҷик Парвиз Муллоҷонов таъкид мекунад, ки ҳукумати кишвар интиқоди созмонҳои байналмилалиро дар мавриди худ дарк мекунанд, вале дар қолабҳои мавҷуд ислоҳи онҳо номумкин аст. "Шеваи мудирият аллакай мураккаб гаштааст ва барои тағйири он ислоҳоти ҷиддӣ зарур аст, ки онҳо омода нестанд. Шояд дар ҳукумат имрӯзҳо андешаҳои ислоҳотгарона вуҷуд надорад, яъне нафароне, ки зарурати ислоҳоти фарогирро дарк кунанд ва тасаввурот дар мавриди шеваҳои амалан иҷроӣ кардани онро дошта бошанд",-гуфт коршинос дар як посухи катбӣ ба Радиои Озоди.

Таҳаввулоти Қонуни Асосӣ

Дар 25 соли мавҷудият ба Қонуни Асосии Тоҷикистон се бор тағйиру илова ворид шуд.

Тағйироти нахуст соли 1999, баъди ду соли имзои Созишномаи сулҳи тоҷикон буд ва дар Қонуни асосӣ механизми тавофуқи сиёсӣ ворид карда шуд, ки иҷоза медод ҳизби сиёсии хосияти динӣ номнавис шавад, ки ба ҳизби то ин замон мамнуъшудаи Наҳзати исломиро машрӯият мебахшид. Илова бар ин, тағйироти нав салоҳияти президентро аз панҷ ба ҳафт сол тамдид кард ва маҷлиси болоии парлумонро ташкил дод.

Интихоби аъзои маҷлиси болоии парлумон ба ихтиёри ҷаласаи муштараки маҷлисҳои маҳалии вакилони халқ дода шуд, ки ҳамон як шахсе, ки раиси вилоят ё шаҳру ноҳия аст, ҳамзамон метавонад ҳам мақомоти намояндагӣ ва ҳукумати иҷроияро раҳбарӣ кунад. Интихоб ба маҷлиси болоиро маҳз раисони мақомоти маҳаллӣ ташкил мекунанд, ки 75% аъзои маҷлиси болоии парлумонро интихоб мекунанд ва 25 % боқимонда бо фармони президент таъин мешаванд. Аз он ҷо, ки раисони ноҳияҳоро президент таъин мекунад, ин барои коршиносон баҳонае шудааст, то бигӯянд сардори давлат метавонад мустақиман тамоми раванди ташаккули маҷлиси болоиро назорат кунад.

Дар райъпурсии дувум дар соли 2003, 122 тағйироту илова ворид намуданд. Бар пайи он маҳдудияти синнусолии номзад ба мақоми президентӣ, ки то ин дам то 65-сола муқаррар шуда буд, барҳам зада шуд ва ба ин ё он шахс иҷоза дода шуд, ки мақоми президентиро бештар аз давраи пайиҳам соҳиб шавад.

Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ва яке аз таҳиягарони нахустин Қонуни асосии Тоҷикистон дар яке аз мусоҳибаҳояш бо "Азия Плюс" гуфта буд, ки аз бетаҷрибагии мансабдорони тоҷик, Конститутсия ба як "сиёҳнавис" табдил шуд ва гузинаи соли 1994-и он хеле қавитар аз нусхаи ҳозир буд.

"Он замон Қонуни Асосӣ бо шитобкорӣ пазируфта нашуд ва болои он нафарони бидуни манофеъ ва судҷӯйиҳои сиёсӣ мунсифона кор карданд. Он замоне заъиф шуд, ки ба он тағйиру иловаҳо ворид карданд. Ба ҷуз  ин, аз замони баргузории раъйпурсиҳо дар кишвар вазъ тағйир кард ва нафароне, ки иловаҳоро коркард намуданд, манофеи нухбагони ҳукмрон нуфуз кард. Онҳо амалан ҳаққи интихобе ба мардум надоданд ва танҳо имкон доданд, ки дар баробари 50 тағйирот "ҳа" ё "не" бигӯянд. Райъпурсиро баргузор карда, тағйиротро ворид намуданд, вале дар натиҷа камбудҳоро ислоҳ накарданд ва танҳо онҳоро ҳам сифатан ва ҳам миқдоран бештар карданд",-гуфта буд он замон Зоиров.

Вале ин навоварии охирин набуд. Зимни райъпурсии моҳи майи соли 2016 дар баробари тагйироти фаннӣ синну соли номзад ба мақоми президентӣ аз 35 ба 30-сола пойин оварда шуд. Дар Қонуни асосии кишвар институти "Пешвои миллат", ки ба Эмомалӣ Раҳмон салоҳиятҳои фаровоне, аз ҷумла ҳаққи бемаҳдуди пешбарии номзадияшро медиҳад, ворид шуд. Тағйирот ҳамчунин аз Конститутсия мафҳуми "ҳизби дорои хосияти динӣ"-ро ҳазф намуд, ки ин меъёр ҳангоми райъпурсии нахустин ворид шуда буд.

Ду дидгоҳ доир ба тағйирот

Мунтақидон тамоми раванди дигаргунсозии конститутсияро марбут ба тақвияти мавқеи сардори давлат ва инҳисори қудрат медонанд. Тағйироти ахир ба Қонуни Асосиро бештари онҳо интиқоли қудрат аз роҳи мерос ба Рустами Эмомалӣ медонанд. Ба ҷуз мухолифони тоҷик, чунин хулоса дар гузоришҳои созмонҳое чун Amnesty International, Freedom House, "Хабарнигорони бидуни марз" (RSF), дар гузориши солонаи ҳуқуқи башари Департаменти  давлатии ИМА, гузориши марбут ба Тоҷикистони Human Rights Watch ва асноди муҳими дигар ҳам акс ёфтааст.

Бо ин вуҷуд, миёни доираҳои коршиносӣ андешае вуҷуд дорад, ки тағйиротро посухгӯи чолишҳои замон арзёби мекунанд. "Тамоми тағйироту иловаҳое, ки ба василаи раъйпурсӣ пазируфта шуданд, дар вазъе қабул шуданд, ки зарурат ба такмили давлатдорӣ дар кишвар буд. Ба ин тартиб, тағйиру иловаҳои нахустин ҳамчун шартҳои Созишномаи сулҳи ба имзорасида дар кишвар буд. Тағйироти баъдӣ ба ин далел муҳиманд, ки руйкард ба такмили низоми ҳокимияти давлатӣ дар кишвар буданд",-чунин андеша дорад сиёсатшинос Шералӣ Ризоён.

Ӯ бар ин назар аст, ки Қонуни асосӣ устувории ниҳодҳои давлатиро баъди бебандубории солҳои 90-ум ташаккул дод, ки минбаъд зистпазирии худро собит карданд ва шароит барои рушди тадриҷии давлатро шакл медиҳанд.

"Мушкил дар Конститутсия нест"

Сарфи назар аз тамоми тағйироти ворида ва зиддияти арзёбиҳо, коршиносон бар инанд, ки мавзӯъ на худи Қонуни асосӣ, балки татбиқи амалии меъру усулҳои он аст. "Барои он, ки шаҳрвандон бо эҳтиром ба Конститутсия муносибат кунанд, барои таъмини муассирияти он зарур аст, ки вобаста аз шароити сиёсӣ аз тағйиру иловаҳо худдорӣ карда шавад",-мегӯяд Шокирҷон Ҳакимов.

Ин андешаро сиёсатшинос Парвиз Муллоҷонов ҳам ҷонибдорӣ мекунад ва бар ин назар аст, ки Қонуни асосии Тоҷикистон ба тамоми меъёрҳои ҷаҳонӣ посухгӯ аст. "Аммо иҷроӣ кардани таъиноти он дар амал, хусусан низоми назорат ва арзёбии татбиқ шудани он, ҳалношуда боқӣ мемонанд. Мутаносибан, маҳз ба ҳамин хотир, Тоҷикистон чун пештара мавқеи пастеро дар раддабандиҳои ҷаҳонӣ дорад",-арз мекунад коршинос.

Читайте на 123ru.net

Другие проекты от 123ru.net



Архангельск

Торговые настольные электронные весы CAS PR-15P



VIP

Специалист по организации праздников Катерина Кузина: тренды свадебного декора 2024 года




Українські новини

Охорона і Безпека це ОіБ: замовляй охорону в Києві та Харькові



Новости 24 часа

Российские ученые первыми создали средство, способное вылечить болезнь Бехтерева



Game News

Для мобильного шутера Nebula Rangers проходит бета-тест на Android



Москва

Замена труб канализации в Московской области



News Every Day

Laura Dern Is the Star of Roger Vivier’s New Short Movie



Блоги

Специалист по организации праздников Катерина Кузина: тренды свадебного декора 2024 года



Москва

Мультимедийная выставка в честь Дня Победы откроется в парке «Зарядье»



Татьяна Рязапова

Предложения АИРР поддержала комиссия Госсовета



Москва

ЮKassa: число самозанятых россиян в 2023 году увеличилось на 34%



Новак Джокович

Легенда тенниса рассказал, готов ли он опять стать тренером Джоковича



Москва

Российские ученые первыми создали средство, способное вылечить болезнь Бехтерева



Михаил Кутушов

Токсиколог Кутушов рассказал почему возникает похмелье



Симферополь

Жители Марий Эл с мая смогут дистанционно оформить ипотеку на жилье в Крыму 



Москва

Ведущие «Авторадио» исполнили в Кремле культовую песню о самой масштабной стройке XX века



Москва

Собянин: На майских праздниках парковка в Москве будет бесплатной



Москва

Ведущие «Авторадио» исполнили в Кремле культовую песню о самой масштабной стройке XX века



Другие популярные новости дня сегодня


123ru.net — быстрее, чем Я..., самые свежие и актуальные новости Вашего города — каждый день, каждый час с ежеминутным обновлением! Мгновенная публикация на языке оригинала, без модерации и без купюр в разделе Пользователи сайта 123ru.net.

Как добавить свои новости в наши трансляции? Очень просто. Достаточно отправить заявку на наш электронный адрес mail@29ru.net с указанием адреса Вашей ленты новостей в формате RSS или подать заявку на включение Вашего сайта в наш каталог через форму. После модерации заявки в течении 24 часов Ваша лента новостей начнёт транслироваться в разделе Вашего города. Все новости в нашей ленте новостей отсортированы поминутно по времени публикации, которое указано напротив каждой новости справа также как и прямая ссылка на источник информации. Если у Вас есть интересные фото Вашего города или других населённых пунктов Вашего региона мы также готовы опубликовать их в разделе Вашего города в нашем каталоге региональных сайтов, который на сегодняшний день является самым большим региональным ресурсом, охватывающим все города не только России и Украины, но ещё и Белоруссии и Абхазии. Прислать фото можно здесь. Оперативно разместить свою новость в Вашем городе можно самостоятельно через форму.



Новости 24/7 Все города России




Загрузка...


Топ 10 новостей последнего часа






Персональные новости

123ru.net — ежедневник главных новостей Вашего города и Вашего региона. 123ru.net - новости в деталях, свежий, незамыленный образ событий дня, аналитика минувших событий, прогнозы на будущее и непредвзятый взгляд на настоящее, как всегда, оперативно, честно, без купюр и цензуры каждый час, семь дней в неделю, 24 часа в сутки. Ещё больше местных городских новостей Вашего города — на порталах News-Life.pro и News24.pro. Полная лента региональных новостей на этот час — здесь. Самые свежие и популярные публикации событий в России и в мире сегодня - в ТОП-100 и на сайте Russia24.pro. С 2017 года проект 123ru.net стал мультиязычным и расширил свою аудиторию в мировом пространстве. Теперь нас читает не только русскоязычная аудитория и жители бывшего СССР, но и весь современный мир. 123ru.net - мир новостей без границ и цензуры в режиме реального времени. Каждую минуту - 123 самые горячие новости из городов и регионов. С нами Вы никогда не пропустите главное. А самым главным во все века остаётся "время" - наше и Ваше (у каждого - оно своё). Время - бесценно! Берегите и цените время. Здесь и сейчас — знакомства на 123ru.net. . Разместить свою новость локально в любом городе (и даже, на любом языке мира) можно ежесекундно (совершенно бесплатно) с мгновенной публикацией (без цензуры и модерации) самостоятельно - здесь.



Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире
Москва

При каких обстоятельствах может затопить Петербург и Москву? Отвечает гидролог





Путин в России и мире
Москва

Строители мостов и дорог удостоены государственных наград


Лукашенко в Беларуси и мире
Минск

Лукашенко: на территории Польши и Прибалтики готовят атаки на восток




123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Ru24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.





Зеленский в Украине и мире
Киев

Захарова: встречи по продвижению "формулы Зеленского" дают Киеву чувство вседозволенности


Навальный в России и мире


Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...



Коммерсантъ

ДЭГ местного значения // Суд оставил в силе итоги электронного голосования на выборах президента



Москва

Аналитика Yota: мужчины Камчатки уходят в онлайн-шоппинг

Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net