Амрико Эронро ба "тамаъҷӯии атомӣ" муттаҳам кард
Амрико гуфт, густариши фаъолиятҳои атомии Эрон “як қадами бузург ба роҳи хато” аст. Баёнияи вазорати умури хориҷии Амрико дар ин бора баъд аз он нашр шуд, ки Эрон рӯзи 5-уми ноябр гуфт, тазриқи ураниум ба сентрифугаҳо дар реактори Фордоро оғоз кардааст. Бар асоси созиши атомии соли 2015 Эрон ҳаққи ин корро надорад.
Сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико рӯзи 5-уми ноябр ҳамчунин дар вокуниш ба баёнияи раиси ҷумҳур Ҳасан Рӯҳонӣ Эронро ба “тамаъҷӯии атомӣ” муттаҳам кард. Ҳасан Рӯҳонӣ гуфт, ки Эрон тазриқи ураниум ба 1044 сентрифугаро оғоз мекунад. Суханӯи вазорати умури хориҷии Амрико гуфт: “Эрон ҳеҷ сабаби боварибахш барои ғанисозии ураниум дар таъсисоти Фордоро надорад, ба истиснои тамаъҷӯии ҳастаӣ, ки фақат инзивои сиёсӣ ва иқтисодии кишварро амиқтар мекунад.”
Ба қавли сухангӯи вазорат, Амрико шеваи “фишори ҳадди аксар” ба Эронро то замоне идома медиҳад, ки ин кишвар “рафтори ноамнкунанда” дар минтақаро хотима диҳад. Ҳасан Рӯҳонӣ рӯзи 5-уми ноябр дар як суханронии телевизионӣ дар бораи даст кашидани Эрон аз дигар ӯҳдадориҳои атомиаш хабар дод.
Теҳрон баъд аз он иҷрои уҳдадориҳояшро кам кард, ки Амрико соли 2018 аз созиши атомии соли 2015 хориҷ шуд. Эрон аввали ҳамин ҳафта гуфт, ки барои ғанисозии ураниум сентрифугаҳои пешрафтаро ба кор андохтааст, ҳарчанд дар созиши атомӣ чунин иҷозае ба кишвар дода нашудааст.