Нашри видеои шиканҷаи зиндониён дар Красноярск
Як рӯзномае дар Сибир видеоро нашр кард, ки зоҳиран лаҳзаҳои шиканҷаи зиндониёнро нишон медиҳад. “Новости Красноярск” видеоро рӯзи 5-уми ноябр дар вебсайташ нашр кард. Дар ин видео дида мешавад, ки як посбон зиндониеро барои нарӯфтани зиндон дашном медиҳад ва сипас сарашро ба дохили (унитаз) ҳоҷатхона ворид мекунад.
https://ngs24.ru/news/more/66296224/
Рӯзнома нагуфтааст, ки чӣ гуна видеоро ба даст овардаанд, вале афсареро, ки бо зиндонӣ бадрафторӣ мекунад, сардори раёсати ҷустӯҷуи Хадамоти зиндонҳо дар вилояти Красноярск номидаанд. Ӯ дар додгоҳ дар бораи шиканҷаи дигар зиндоние баёнот додааст.
Мақомоти зиндонҳои вилоят гуфтанд, ки ба таҳқиқи видео шурӯъ карданд. Шиканҷаи зиндониё дар солҳои ахир хашми ҷомеаи Русияро барангехт. Нашрияи “Новая Газета” аз моҳи июли соли 2018 чандин видеои шиканҷа ва бадрафторӣ бо зиндониён дар маҳбаси Ярославлро нашр кард. Баъди ин 12 посбони зиндонро дастгир карданд ва мақомот гуфтанд, ки шикоятҳои пешинаи зиндониён дар маҳбасҳои саросари Русияро таҳқиқ мекунанд.