Трамп: Ба зудӣ ҷойи имзои созиши нав бо Чин маълум мешавад
Президенти Амрико Доналд Трамп гуфт, Иёлоти Муттаҳида ва Чин ба зудӣ макони наверо эълон хоҳанд кард, ки дар он ҷо ӯ ва раиси ҷумҳури Чин Си Ҷинпин созишномаи сабук кардани ҷанги тиҷоратиро имзо хоҳанд кард. Ҷанги тиҷоратии Амрикову Чин ба иқтисоди ҷаҳонӣ зарар расонидааст.
Изҳороти Трамп рӯзи 31-уми октябр пас аз он садо дод, ки Чили нишасти банақшагирифтаи Ҳамкориҳои иқтисодии Осиё ва ҳавзаи уқёнуси Ором (АПЕК)-ро бекор кард. Ин нишаст мебоист дар миёнаи моҳи ноябр баргузор шавад. Умедворӣ буд, ки форум барои аз миён бурдани кашмакашҳои Иёлоти Муттаҳида ва Чин, ки 18 моҳ боз дар ҷанги сахти тиҷоратӣ ҳастанд, кумак хоҳад кард.
"Чин ва ИМА дар пайдо кардани ҷойи нав барои имзои марҳилаи якуми Созишномаи тиҷоратӣ кор карда истодаанд. Ҷойи нав ба зудӣ эълон карда хоҳад шуд. Президент Си Ҷинпин ва Президент Трамп имзо мегузоранд", -- навиштааст Трамп дар Твиттер.
Чили аз мизбонии ҷаласаи тиҷоратии АПЕК ва конфронси СММ оид ба дигаршавии иқлим дар моҳи ноябр канорагирӣ кард, чун эътирозҳои зиддиҳукуматӣ дар Амрикои Ҷанубӣ идома меёбанд.