Халабони русе, ки Тоҷикистон афв карда буд, дар Конго ба ҳалокат расид
Халабони рус Владимир Садовничий, ки соли 2011 дар Тоҷикистон ба 8,5 соли зиндон маҳкум ва дертар зери фишорҳои мақомоти Русия афв шуда буд, дар як садамаи ҳавопаймо дар шарқи Конго ба ҳалокат расидааст.
Сафорати Русия дар ин кишвари африқоӣ рӯзи 12-уми октябр марги халабонро тасдиқ кард. Мақомот гуфтанд, халабони дигари рус Виталий Шумко низ дар ин ҳодиса ҷон бохтааст. Амалиёти наҷот ва ҷустуҷӯи ҷасадҳо идома дорад. То ҳол сабаби садама эълон нашудааст.
Хабаргузориҳои Русия навиштанд, ҳодиса рӯзи 10-уми октябр, баъд аз як соати парвози ҳавопаймои Ан-72 рух дод. Пораҳои ҳавопайморо дар минтақаи Маниема, шарқи Конго ёфтаанд. Хабаргузории РИА Новости навишт, ҳавопаймо бори раҳбари Ҷумҳурии Демократии Конго Феликс Чисекедиро мекашонд. Дар дохили он ҳашт нафар будаанд.
Владимир Садовничий ним сол умри худро дар боздоштгоҳи шаҳри Бохтар (Қӯрғонтеппаи пешин) гузарондааст.
Мақомоти интизомии Тоҷикистон ӯро моҳи марти соли 2011 ҳамроҳи шаҳрванди Эстония Алексей Руденко бо иттиҳоми гузаштани ғайриқонунӣ аз марз, қочоқ ва поймол кардани меъёрҳои байналмилалии парвоз дастгир карданд. Додгоҳ ҳардуи онҳоро ба ҳаштуним соли ҳабс маҳкум намуд.
Он замон Садовничий ва Руденко дар ширкати “Ролкан Инвестмент ЛТД” кор мекарданд ва ҳавопаймои онҳо пайиҳам ва бе огоҳӣ дар фурудгоҳи маркази вилояти Хатлон поин омада буд.
Тафтишот гуфт, ки ҳавопаймоҳо аз фурудгоҳи низомии шаҳри Кобул ба ҳаракат даромада буданд. Худи ҳавонавардон гуфтанд, сабаби фуруд омадан ба Бохтар пешгирӣ аз садамаи эҳтимолии ҳавопаймоҳо буд, зеро захираи сӯзишвории онҳо ба поён расидааст.
Вале шубҳаи мақомоти Тоҷикистонро ин масъала ба худ ҷалб кардааст, ки ширкати “Ролкан Инвестмент ЛТД” дар минтақаи оффшории Вирҷинияи Бритониё сабтином шуда, ҳавопаймоҳои АН-72 аз соли 2008 ба ин тараф дар ҳеҷ кишваре сабтином нашудаанд ва молики асосии онҳо низ маълум нест.
Додгоҳи вилояти Хатлон ҳамон сол ду ҳавопаймои АН-72 ва муҳаррикеро, ки бо пули онвақта 1 миллиону 88 ҳазор сомонӣ арзиш дошт ва ба ширкати "Ролкан Инвестмент ЛТД" мутааллиқ буд, ба фоидаи давлати Тоҷикистон мусодира кард.
Қазияи мазкур дар расонаҳои хабарии Русия ба таври густарда бозтоб ёфт, боис ба танишҳои лафзии мақомоти Тоҷикистону Русия гардид. Мақомоти Маскав тавассути боздошту ихроҷи муҳоҷирони кории тоҷик мақомоти ба Душанбе фишор оварданд, то ҳукми додгоҳ бознигарӣ шавад.
Кор ба ҷое расид, ки додгоҳи вилояти Хатлон бо даъвои додситонии минтақа ҳукми додгоҳи Бохтарро “ниҳоят сахт” хонд ва онро тағйир дод. Ҳукми Садовничий ва Руденко ба 2,5-солӣ поин оварда шуд ва онҳо якбора бар асоси қонуни афв аз идомаи адои ҷазо озод шуданд.
Бо ин ҳол, халабонҳо бо ҳукми додгоҳи Хатлон розӣ набуданд ва тақозо доштанд, ки додгоҳ онҳоро комилан бегуноҳ эътироф кунад.
Вазорати корҳои хориҷии Русия низ дар пайи ин ҳукм гуфта буд, ки гуноҳи муттаҳамон дар додгоҳ исбот нашудааст. Аммо мақомоти Тоҷикистон аз бархе расонаҳои хабарии русӣ интиқод карда гуфтанд, ки парвандаи халабонҳо ангезаи сиёсӣ надошт ва Садовничий ва Руденко “воситаи муомилоти тиҷоратии касе нашудаанд”.
Садовничий ва Руденко, ки қариб ним сол дар боздоштгоҳи муваққати шаҳри Бохтар нигоҳдорӣ шуданд, пас аз як рӯзи эълони ҳукми додгоҳи Хатлон ба Русия ва Эстония баргаштанд, вале ҳавопаймоҳо дар Бохтар дар ҳабс монданд.