Омодагии мунтахаби Тоҷикистон ба бозиҳо муқобили Қирғизистону Муғулистон
Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Усмон Тошев омодагиро ба бозиҳои ибтидоии рақобатҳои интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 муқобили тимҳои мунтахаби Қирғизистон (5-уми сентябр, Душанбе) ва Муғулистон (10-уми сентябр, Улан-Батор) шуруъ кард.