Бозиҳои дӯстонаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо Имороти Муттаҳидаи Арабӣ
Дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2020 бо мунтахаби Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона анҷом медиҳад. Дар ин бора сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст.