Бобоҷон хидмати сарбозиро дар ду моҳ хатм кард, чун маъюб шуд
Бобоҷон Раҳимов, сарбози пешини нерӯҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, иддао дорад, ки ҳангоми хидмат дар артиш маъюбу дастнигар шудааст. Мақомот мегӯянд, Бобоҷон Раҳимов ҳангоми дарс дар қисми низомӣ якбора ба сактаи ҳароммағз гирифтор шуд.