Помпео: "Мехостам ба Теҳрон биравам ва бо эрониён суҳбат кунам, ҳукумат напазируфтааст"
Вазири умури хориҷии Амрико мегӯяд, ки ҳукумати Эрон пешниҳоди ӯ барои сафар ва гуфтугӯи мустақим бо шаҳрвандони Эронро напазируфтааст. Ишораи Майк Помпео ба пешниҳоде аст, ки рӯзи панҷшанбеи 25-уми июл матраҳ карда буд.