Муноқишаи нав дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон. Ду нафар захмӣ шуд
Баъд аз зӯҳри сешанбе дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон садои тирпаронӣ шунида шуд. Тавре бахши қирғизии Радиои Озодӣ иттилоъ медиҳад, бар асари ин даргирӣ, як марзбони қирғиз захмӣ шудааст. Мақомоти тоҷик то ҳанӯз ба таври расмӣ ин хабарро тасдиқ накардаанд.