Даргузашти ҳамсари Маҳмадсаид Убайдуллоев
Раҷабгул Каримова, ҳамсари Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон, субҳи 2-юми июл дар сини 67-солагӣ дар Душанбе ба таври ногаҳонӣ даргузашт. Худи Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ҳоли ҳозир дар сафари корӣ дар Русия қарор дорад.
Сабаби даргузашти ҳамсари раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон то ба ҳол маълум нест. Сомонаи "Ахбор.ком" бо такя ба наздикони ӯ навиштааст, ки ҳамсари Маҳмадсаид Убайдуллоев бемории ҷиддие надошт ва фақат чанд рӯзи охир аз дарди гулӯ ранҷ мекашид.
Аз Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки маросими ҷанозаи ҳамсари Маҳмадсаид Убайдулоев фардо, 3-юми июл дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Қарор аст ҷасади ӯ дар яке аз оромгоҳҳои пойтахт ба хок супурда шавад.
Дар бораи шахсияти ҳамсари Маҳмадсаид Убайдуллоев маълумоти зиёде дар даст нест. Гуфта мешавад, ки ӯ модари 3 фарзанд -- ду писар ва як духтар мебошад. Ӯ аз ҳамсараш Маҳмадсаид Убайдуллоев як рӯз ҷавонтар будааст. Худи Маҳмадсаид Убайдуллоев 1-уми феврали соли 1952 дар ноҳияи Фархор ба дунё омадааст.
Маҳмадсаид Убайдуллоев яке аз чеҳраҳои шинохта дар саҳнаи сиёсии даврони истиқлоли Тоҷикистон мебошад ва наздики 20 сол дар мақоми раиси шаҳри Душанбе кор кард ва дар моҳи январи соли 2017 аз ин симат барканор шуд.
Амирҷони Убайдулло, яке аз писарони Маҳмадсаид Убайдуллоев айни ҳол мушовири калони ёвари президент оид ба масъалаҳои иқтисодӣ аст. Писари дигари ӯ Ҷамолиддин Убайдуллоев феълан сафири Тоҷикистон дар Фаронса ва ҳамзамон намояндаи расмии кишвар дар созмони ЮНЕСКО мебошад.