Эрдуғон: "Супурдани S-400 ба Туркия давоми 10 рӯзи оянда оғоз мешавад"
Раиси ҷумҳури Туркия мегӯяд, ки нахустин бахш аз системаи дифои мушакии S-400 давоми 10 рӯзи оянда ба кишвараш таслим карда мешавад. Эрдуғон бо вуҷуди эътирозҳои пайдарпайи Амрико гуфта буд, ки Вашингтон таҳриме алайҳи Анқара ҷорӣ нахоҳад кард.