Ниме аз мардум ба кори созмонҳои ғайридавлатӣ бовар доштаанд
Камтар аз нисфи аҳолии Тоҷикистон ба кори муассири созмонҳои ҷамъиятӣ ва хайрия дар кишвар бовар доштаанд. Созмони Gallup дар гузорише рӯзи 20-уми июн гуфт, ниме дигар аз мардум ба кори созмонҳои ҷамъиятӣ ибрози нобоварӣ ва ё аз фаъолияти онҳо изҳори бехабарӣ кардаанд.