HRW: Стив Свердлов дар Узбекистон мавриди ҳамлаи лафзӣ қарор гирифт
Муҳаққиқи масоили Осиёи Марказӣ дар созмони байналмилалии Human Rights Watch Стив Свердлов, ки бо ҳадафи анҷоми таҳқиқот дар заминаи поймолшавии ҳуқуқ дар шаҳри Тошканд қарор дошт, рӯзи 13 июн мавриди ҳамлаи лафзӣ қарор гирифт. HRW бо пахши изҳороте ҳамла ба пажӯҳишгари созмонро ҳамчун бахше аз маъракаи зидди ин созмони ҳомии ҳуқуқ, фаъолон ва журналистон дар Узбекистон маҳкум кард. Мавқеи ҳукумати Узбекистон ба ин ҳодиса маълум нест.
Дар изҳорот омадааст, ки як видеоблоггери узбек Сардор Комилов ва чор нафари дигар рӯзи панҷшанбе ба меҳмонхонае, ки дар он Свердлов қарор дошт, ворид шуданд. Комилов дар даромадгоҳи меҳмонхона гуфт, ки ӯ меҳмони Свердлов буда, вонамуд кард, ки ба хотири дарёфти ёрии HRW барои дидор бо Свердлов омадааст. То ҳол худи Комилов ҳам ин ҳодисаро шарҳ надодааст.
Замоне, ки Свердлов поён омад, Комилов ва дигар нафарон ӯро ҳалқа гирифта нагузоштанд ҳаракат кунад ва дар давоми 20 дақиқа ӯро наворбардорӣ карданд. Комилов ба Свердлов ҳамлаи густардаи лафзӣ ташкил кард, ӯро пайваста таҳқир менамуд ва дар кадом гуноҳҳое айбдор менамуданд. Пеш аз тарки макон кардан ба Свердлов гуфтанд, ки “аз Узбекистон дафъ шавад”.
Кеннет Рот, раҳбари иҷроияи созмони HRW ин ҳодисаро маҳкум карда навишт, ки созмони “HRW аз мутахассиси худ пурра ҷонибдорӣ ва чунин як ҳамлаи ифлосро маҳкум мекунад”. Рот гуфтааст, ки ин ҳамла бахше аз маъракаи калони зидди созмонҳои ҳомии ҳуқуқ аст, ки дар Узбекистон ҷараён дорад ва ҳадафи он беобрӯ кардани фаъолони ҳуқуқ мебошад.
HRW, ки аз соли 2017 дубора тавонист вориди Узбекистон шуда бо мақомоти ин кишвар роҷеъ ба мушкилоти ҳуқуқи башар сӯҳбат кунад ва иҷозаи баргузории таҳқиқот дар заминаи вазъи ҳуқуқи башарро шурӯъ кунад, ин навбат мегӯяд, ки шароит тағйир ёфтааст. Дар бораи нигарониҳои худ аз дубора бад шудани вазъият чанд мақомдор дар сӯҳбат бо Свердлов ҳам хабар додаанд.
То ҳол ҳукумати Узбекистон дар бораи ин ҳодиса ва сабабҳои даст ба ҳамла задани гурӯҳи шаҳрвандонаш чизе нашр накардааст. Президент Шавкат Мирзиёев, ки соли 2016 сари қудрат омада гуфт, ки аз паи ислоҳоти сиёсӣ мешавад, барои талоши заъифаш дар заминаи ислоҳи вазъи ҳуқуқи башар ахиран мавриди интиқод қарор гирифтааст.