Абдуфаттоҳ Ҳотамов, бунёдгузори литсейи "Ҳотам ПВ" даргузашт. ВИДЕО
Абдуфаттоҳ Ҳотамов, кимиёдони тоҷик ва бунёдгузори литсейи "Ҳотам ПВ", ки бештар ба таълими илмҳои дақиқ машғул аст, дар 69-солагӣ даргузашт. Пайвандонаш гуфтанд, маросими видоъ бо ӯ 27-уми апрел дар деҳаи Чамани ноҳияи Ваҳдат баргузор мешавад. Юсуф Ҳотамов, писари Абдуфаттоҳ Ҳотамов, ба Радиои Озодӣ гуфт, падараш шоми 26-уми апрел дар Душанбе аз сактаи қалбӣ (инфаркт) фавтид. "Падарам аз ин пеш ду дафъа сактаи қалбиро пас сар карда буданд. Имрӯз низ дилашон сахт дард кард, Ёрии таъҷилиро даъват намудем... Читать дальше...