Падари се фарзанд, ки дар шаҳри Самарқанди Узбекистон зиндагӣ мекунад, гуфт, 14-уми апрели имсол аз сӯи се шахси ношинос латту кӯб шудааст. Ин мард гуфт, ӯро ба хотири ҳамҷинсгаро буданаш задаанд.
Марди 32-солаи латукӯбшуда нақл кард, ки ду моҳ пеш бо марде тавассути шабакаи иҷтимоӣ ошно шуд ва шоми 14-уми апрел бояд вомехӯрданд.
"Вақте ба ҷои ваъдашуда омадам, чаҳор марди ҷавон маро дар мошин шинонда, ба ҷои дигар бурданд ва латту кӯб карданд", - гуфт ӯ.
"Онҳо маро урён карда, ба навор гирифтанд. Читать дальше...