Шӯрои уламои Тоҷикистон: Ба ҷои худоӣ дафтару қалам диҳед
Шӯрои уламои Маркази исломӣ, танҳо ниҳоди содиркунандаи фатво дар Тоҷикистон гуфтааст, сокинон ба ҷойи оши худоӣ ба хонандагони камбизоат дафтару қалам бихаранд. Ин шӯро гуфт, садақа ва оши худоӣ сирф аз таом додан иборат нест. “Ҳамаи анвои садақа вобаста ба нияти инсон аст. Нафаре барои шод кардани рӯҳи волидонаш мактаберо таъмир кунад, аз ин амали хайраш ба онҳо савоб мерасад”, - гуфта шудааст дар торнамои расмии Шӯрои уламо. Шӯрои уламои Тоҷикистон таъкид кардааст, ки чунин тасмим ба рукнҳои шариат ягон мухолифат надорад. Читать дальше...