Тамаъҷӯӣ аз хоҳар ҷавони тоҷикро ба зиндон бурд
Додгоҳе дар шаҳри Душанбе як ҷавони тоҷикро барои тамаъҷӯӣ аз хоҳараш ба 10 соли зиндон маҳкум кардааст, ҳарчанд худаш гуфтааст, ки бегуноҳ аст.
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ рӯзи 17-уми апрел хабар дод, ки муҳокимаи Фаридун Сангов, сокини шаҳри Душанбе рӯзи 17-уми апрел содир шуд ва ӯ 10 соли умрашро бояд дар зиндони низомаш сахт сипарӣ кунад.
Ба гуфтаи додгоҳ, Фаридун Сангов аз хоҳараш, ки соли 2011 бо мусоидати ӯ бо марди арабе дар Дубай издивоҷ кардааст, пайваста пул талаб карда ва таҳдид мекардааст, ки агар пулро надиҳад, ӯро дар байни хешовандонаш беобрӯ мекунад.
Дар баёнияи додгоҳ омадааст, шавҳари хоҳараш Замира Саидаҳмадзода, ки ҳангоми издивоҷ 21 сол доштааст, 56-сола будааст, вале Фаридун ба хешовандонаш ӯро 35-сола муаррифӣ кардааст.
Издивоҷи ду тараф дар Дубай ва ба ин шарт сурат гирифтааст, ки шавҳари оянда барои беҳбуд ёфтани вазъи молии хонавода кӯмак мекунад ва барои Замира Саидаҳмадзода дар Душанбе хона мехарад.
Ба қавли додгоҳ, шавҳари Замира Саидаҳмадзода ба қавлаш вафо карда ва барои ҳамсари тоҷикаш бо арзиши 90 ҳазор доллар дар Душанбе хона харидааст. Баъд аз ин ба гуфтаи додгоҳ, ӯ бо чунин таҳдид аз хоҳараш се ҳазор доллар гирифтааст.
Дафъаи дигар ба гуфтаи муфаттишон ӯ, Фаридун Сангов ба хоҳараш таҳдид кардааст, ки агар ин дафъа ба ӯ 5 ҳазор доллар надиҳад, ба мақомоти Тоҷикистон маълумот медиҳад, ки ӯ ҳангоми дар Дубай будан, ба созмонҳои ифротгаро ва террористӣ шомил шудааст.
Баъди ин Замира Саидаҳмадзода ба мақомоти вазорати умури дохилӣ муроҷиат кардааст ва бародарашро ҳангоми гирифтани қисме аз пули талабшуда дастгир кардаанд.
Фаридун Сангов моҳи январи имсол дастгир шудааст. Ӯ дар додгоҳ гуфтааст, ки иттиҳомоти хоҳараш нисбат ба ӯ асос надоранд, вале дар ҳукми додгоҳи Исмоили Сомонӣ омадааст, ки иттиҳомот собит шуд.