Дар Алмаато 9 май чандин нафар боздошт шуд
Хабарнигорони бахши Қазоқии Радиои Озодӣ шоҳиди боздошти чандин нафар дар назди маросими “Полки абадӣ” дар шаҳри Алмаато шуданд. Ходими полисе, ки дар ин макон қарор дошт, гуфт, ки боздоштшудаҳоро “барои мушаххас кардани шахсияташон” мебаранд, чунки онҳо нахостанд санадҳои тасдиқкунандаи шахсияташонро нишон диҳанд.