Ким Чен Ин барои мулоқот бо Путин вориди Русия шуд
Раҳбари Куриёи Шимолӣ Ким Чен Ин субҳи имрӯз барои мулоқот бо ҳамтои русаш Владимир Путин вориди Русия шуд.
Ким Чен Инро дар истгоҳи марзии Хасан губернатори Примори Олег Кожемяко ва вазири рушди Шарқи дури Русия Александр Козлов пешвоз гирифтанд. Ба пешвози Ким Чен Ин дар баробари мансабдорон духтарони рус бо либоси миллӣ низ баромаданд.
Бино ба хабарҳо, Ким Чен Ин дар Хасан аз Хонаи дӯстии Русияву Куриёи Шимолӣ, ки бо номи "хонаи Ким Ир Сен" маъруф аст, боздид кард. Ин хона соли 1986 дар остонаи сафари падари ӯ ба Русия бунёд шуда буд. Сипас қатораи раҳбари Куриёи Шимолӣ озими Владивосток шуда, 25 апрел бо Путин мулоқот хоҳад кард.
Қарор аст, раҳбарони Русия ва Куриёи Шимолӣ нахуст мулоқоти як ба як анҷом дода, сипас гуфтугӯи ҳайатҳои ду ҷониб баргузор хоҳад шуд.
Ким Чен Ин аз замони президенти Куриёи Шимолӣ шуданаш дар соли 2011 ба ин сӯ ягон бор ба Русия нарафтааст ва бо Путин ҳам мулоқот накардааст.