Русия 49 сол дар Сурия мемонад?
Русия мехоҳад, пойгоҳи низомии мазкурро барои 49 сол ба иҷора бигирад. Вазорати умури хориҷии Русия гуфт, ки Башор Ассад бо Александр Лаврентиев, фиристодаи хос барои Сурия, Сергей Вершинин, муовини вазири умури хориҷӣ, Юрий Борисов, муовини нахуствазир ва чанде аз намояндагони вазорати дифоъ суҳбат кардааст. Ба гуфтаи мақомот, даври дигари музокироти сулҳ, ҳамкориҳои тиҷоратии дуҷониба ҳам баррасӣ шудааст.
Хабаргузории ТАСС аз қавли Юриё Борисов навиштааст, қарордоди иҷорати Тартус ба зудӣ имзо мешавад. Шӯрои Федератсияи Русия моҳи декабри соли 2017 созишнома бо Сурияро тасвиб кард, ки ба нерӯҳои Русия иҷоза медиҳад, аз пойгоҳи Тартус истифода баранд. Ин созишнома бахше аз талошҳои Русия барои тақвияти нуфузаш дар Ховари Миёна номидаанд.