Даври дуввуми интихоботи сарнавиштсози Украина
Назарсанҷиҳо дар остонаи интихобот нишон дод, ки рақиби 41-солаи ӯ, ҳаҷвнигор Владимир Зеленский тарафдорони бисёр зиёд дорад. Дар як назарсанҷии “Рейтинг” - як муассисаи таҳқиқи афкори умум аз рӯзи 18-уми апрел тақрибан 58 дар сади мардум гуфтаанд, ба тарафдорӣ аз Зеленский раъй медиҳанд. Фақат 21 дар сад гуфтаанд, ки дар интихоботи рӯзи 21-уми апрел Петро Порошенкоро дастгирӣ мекунанд.
Владимир Зеленский, ки асосан дар шабакаҳои иҷтимоӣ тарғибот мебурд ва аз мубоҳисаҳои сиёсӣ парҳез мекард, ба сабаби иқтисоди заиф, фасоди густурда ва ҷанги 5-сола дар шарқи Украина ҳаводорони зиёде ба даст овард.
Владимир Зеленский рӯзи 19-уми апрел дар мубоҳисаи сиёсӣ бо Петро Порошенко гуфт, ки “сиёсатмадор нест ва фақат як фарди оддӣ аст”, ки мехоҳад, низоми феълиро бишканад. Петро Порошенко гуфт, Зеленский таҷриба надорад ва наметавонад, дар баробари Владимир Путин раиси ҷумҳури Русия биистад.