Интиқоли тобути 966 муҳоҷир дар як сол аз Русия ба Тоҷикистон
Дар соли гузашта аз Русия ба Тоҷикистон тобути 966 муҳоҷири тоҷик оварда шудааст. Бар асоси як гузориши расмӣ, ки рӯзи 31-уми март дастраси Радиои Озодӣ шуд, баъзе аз ниҳодҳо “аз ҳолатҳои марги шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла муҳоҷирони корӣ дар хориҷ аз кишвар” ибрози нигаронӣ кардаанд.